МУҲОҶИРОН

АДВОКАТИ ХУШНОМИ ТОҶИК АБДУҚАЮМ ЮСУФОВ ДАР РУСИЯ ВАФОТ КАРД

Абдуқаюм Юсуфов, адвокати хушноми тоҷик, шаби 22 ба 23 октябр дар шаҳри Тамбови Русия дар синни 61 аз олам чашм пӯшид. Абдуқаюм Юсуфов ду сол пеш барои таҳияи санадҳои нафақааш ба шаҳри Тамбов, ки чанд фарзандаш дар онҷо кору зиндагӣ мекунанд, сафар карда буд, вале дар ин байн ба сабаби пандемияи коронавирус дар Русия дармонд. Абдуқаюм Юсуфов рӯзҳои наздик баъди ду соли мусофират азми бозгашт ба Тоҷикистонро дошт, вале бо амри тақдир адвокати шинохтаро дар тобут ба Ватан хоҳанд овард. Ба гуфтаи наздиконаш, интизор меравад, ҷанозаи Абдуқаюм Юсуфровро рӯзи 24 октябр ба Тоҷикистон бифиристанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button