Хабарҳои кӯтоҳ

ДАР МЕҲРОБОД ДОДАР АКОРО КОРД ЗАД, ДАР ДУШАНБЕ СЕЙФРО БО ПУЛАШ ДУЗДИДААНД

Сокини 30-солаи шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов ба он
гумонбар мешавад, ки шаби 10 август, соати 21:30, дар хонаи
истиқоматиаш бо бародари 32-солааш ҷанҷол карда, ба тарафи чапи
шиками ӯ як корд задааст. Ҷабрдидаро бо ҷароҳати вазнини
ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ кардаанд. Ба додари ӯ акнун бар
асоси қисми якуми моддаи 110 КҶ ҶТ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид
мекунад.
Як рӯз қабл ВКД хабар дода буд, ки як сокини 46-солаи шаҳри Кӯлоб
соати чоруними субҳи 19 август, дар хонаашон бо бародари 57-
солааш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш
задааст

Як ҷавони 26-сола аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба он
гумонбар мешавад, ки наздикии субҳи 17 август, соати 4:30 бо роҳи
пинҳонӣ ба идораи букмерии “Рахш”, воқеъ дар рӯ ба рӯи бозорчаи
Зарафшон, ки ба ҶСП “Миллодиён” тааллуқ дорад, даромада, аз он ҷо
сандуқи оҳанин (сейф)-ро, ки дар дохилаш 5 860 сомонӣ буд,
дуздидааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 21 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Муноқиша бо бародар ба нохушӣ
анҷомид
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳраки
Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулов бо гумони қасдан расонидани зарари
вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 10-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:30-
дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо бародараш, марди 32-солаи сокини
шаҳраки мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ 1-маротиба ба
тарафи чапи шиками охирон задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар
беморхона бистарӣ гардидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот
идома дорад.
Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия марди 26-солаи сокини ҷамоати деҳоти
Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ
дастгир карда шуд


Номбурда, санаи 17-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-
дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба идораи букмерии “Рахш”, воқеъ дар рӯ ба
рӯӣ бозорчаи Зарафшон, ки ба ҶСП “Миллодиён” тааллуқ дорад,
даромада аз он ҷо 1-адад сандуқи оҳанин (сейф), ки дар дохилаш 5
ҳазору 860-сомонӣ будааст, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 6 ҳазору 960-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button