Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК СОКИНИ КӮЛОБ БАРОДАРИ СОЛХӮРДААШРО 7 КОРД ЗАДААСТ

Сокини 46-солаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки субҳи
барвақти 19 август, соати 04:30, дар хонаашон бо бародари 57-солааш
ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида бо захмҳои вазнин дар беморхона бистарӣ
гардидааст.

Ду сокини қаблан судшудаи шаҳри Кӯлоб ба он гумонбар мешаванд,
ки соати якуними шаби 16 август бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи
истиқоматии сокини 27-солаи ин шаҳр даромада, қисмҳои эҳтиётии
автомашинаи тамғаи “Портер”-ро ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ
дуздидаанд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 20 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Бо корд захмӣ намудани бародар дар
натиҷаи муноқиша
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия марди 46-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бо
гумони қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 19-уми августи соли 2021, тахминан соати 04:30-дақиқа,
дар хонаи истиқоматиашон бо бародараш марди 57-сола, ҷангу ҷанҷол
намуда, бо корд 7-маротиба ба узвҳои баданаш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар
беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 27-солаи сокини шаҳри
мазкур муроҷиат намудааст, ки 16-уми августи соли 2021, тахминан
соати 01:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи
истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 2-адад қисмҳои эҳтиётии
автомашинаи тамғаи “Портер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия мардони 42 ва 32-солаи сокинони ҳамин шаҳр,
ки якеаш пеш бо моддаҳои 247 қисми 4, 255 ва дигараш бо моддаи 244
қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, ҳамчун
гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз
ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки яке аз
боздоштшудагон марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб, ки пеш бо
моддаҳои 247 қисми 4 ва 255 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
суд шудааст, санаи 23-юми апрели соли 2021, тахминан соати 00:30

дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 27-солаи сокини
шаҳри мазкур даромада, аз он ҷо ашёҳои рӯзгори хонаро дуздида, аз
ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро
ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишот идома дорад

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button