Минтақа ва ҶаҳонНомаҳо ба президентХабарҳои кӯтоҳ

СОКИНОНИ КӮЛОБ: МЕХОҲЕМ БА САФФИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН БИПАЙВАНДЕМД

СОКИНОНИ КӮЛОБ: МЕХОҲЕМ БА САФФИ МУҚОВИМАТИ ЗИДДИ ТОЛИБОН БИПАЙВАНДЕМДар Фейсбук аз номи як гуруҳ “ҷавонону миёнсолони минтақаи Кӯлоб” изҳороте нашр шудааст, ки дар он гуфта мешавад, “агар раисиҷумҳури Тоҷикистон ва пешвои муҳтарами мо иҷоза диҳад, мо, ҷавонону миёнсолони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Аҳмад Масъуд ва Атомуҳаммади Нур ҳамроҳ хоҳем шуд ва барои сарнагунсозии гуруҳҳои экстремистии Толибон дар минтақаи Осиё ва Афғонистон мусоидат хоҳем кард.” Муаллифон навиштаанд, ки зери ин муроҷиат алакай 1850 нафар имзо кардаанд ва “шарҳи мактуби ватандӯстонаи мардуми Кӯлоб унвони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон соати шаши бегоҳ ирсол хоҳад шуд.”Дар як муддати кӯтоҳ бар аксари қаламрави Афғонистон, аз ҷумла бар аксари қаламрави марзи он кишвар бо Тоҷикистон тасаллут пайдо кардани ҷангиёни ҳаракати Толибонро дар Тоҷикистон аксаран бо дард қабул карданд. Чанд рӯз пеш яке аз ҳунармандони тоҷик ҳатто аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳатто даъват кард, ки вилоятҳои тоҷикнишини шимоли Афғонистонро ба ҳайъати Тоҷикистон ҳамроҳ кунад.Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия низ ахиран се сенарияи Афғонистонро матраҳ кард, ки бар асоси яке аз ин сенарияҳо, Афғонистон бояд аз лиҳози қавмӣ тақсим шавад ва вилоятҳои тоҷикнишинаш ба Тоҷикистон ва қаламравҳои ӯзбекнишину туркманнишинаш ба Ӯзбекистону Туркманистон дода шуда, паштуҳо ҳамроҳ бо паштуҳои Покистон кишваре бо номи Паштунистон бисозанд.

https://www.facebook.com/watch/?v=365509858625583

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button