Хабарҳо

САРГАРДОНИИ ҲАВОПАЙМОИ АШРАФ ҒАНӢ ДАР ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН (АКС)

Шабакаи телевизионии “Тулӯъ” бо нашри як акс хабар дод, ки рӯзи 15
август, баъди фирораш аз Афғонистон, ҳавопаймои президенти собиқи
он кишвар Ашраф Ғанӣ чанд соат саргардон шудааст.
Дар акс дида мешавад, ки ҳавопаймо чанд соат дар атрофи фурудгоҳи
шаҳри Бохтар чарх зада, миқёси саргардониҳояш фарози минтақаҳое,
чун Қизилқалъа, Заргар, Вахшстрой ва ҳатто Янгиободу Сарбандро фаро
мегирад.

Сокинони маҳалҳои атрофи фурудгоҳ Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа)
гуфтаанд, ки рӯзи 15 август аз бегоҳ то шаб чанд тайёра дар фурудгоҳи
Бохтар фуруд омад, ки шояд тайёраҳое аз Афғонистон низ дар байни
онҳо буданд. Вале Аммо Фарҳод Абдурашидзода, сардори фурудгоҳи
Бохтар дар суҳбат бо “Asia-Plus” гуфт, “овозаҳое, ки гӯё мо чанд
тайёраи Афғонистонро қабул карда бошем, асос надорад ва дурӯғ
аст”.
Вазорати корҳои хрриҷии Тоҷикистон низ рӯзи 16 август дар як баёнияи
вижа гуфт, “ҳавопаймо бо ҷаноби Муҳаммадашраф Ғанӣ ба ҳарими
ҳавоии Тоҷикистон ворид нашудааст ва дар қаламрави кишвар
нанишастааст. Бояд таъкид кард, ки ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби
Афғонистон чунин дархосте нагирифтааст.”
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, тавре мебинед, дар ин изҳорот
Ғаниро танҳо “ҷаноби Ғанӣ” ном гирифта, ӯро раисиҷумҳури
Афғонистон ном набурдааст.

Рӯзи 15 август “Asia-Plus” бо истинод ба Саҷҷоди Нуристонӣ, як
корманди маъмурияти президенти Афғонистон хабар дод, ки Ашраф
Ғанӣ ҳамроҳи мушовири амниятии миллиаш Ҳамдуллоҳ Муҳиб ва
раиси идораи умури ҳукуматаш Фазлмаҳмуд Фазлӣ аз Кобул ба
Тоҷикистон ва аз онҷо ба кишвари сеюм парвоз кардаанд. Шоми 15
август “Азия Плюс” хабар дод, нуқтаи ниҳоии фирори Ашраф Ғанӣ
Уммон аст ва ӯ алакай ба онҷо расидааст.

Радиои Озодӣ низ бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки Ашраф Ғанӣ
баъди як исти кӯтоҳ дар Тоҷикистон ба Уммон парвоз кардааст ва
мақомоти авиатсионии Тоҷикистон ба ҳавопаймои ӯ барои убури
ҳарими ҳавоии Туркманистону Эрон ва давлатҳои дигар кумак кардаанд.
Бино ба як фарзияи дигар, Ашраф Ғанӣ аз тариқи Ӯзбекистон ба Уммон
рафтааст. Вале ин хабар низ то кунун расман тасдиқ нашудаст.
Ашраф Ғанӣ, ки аз соли 2014 роҳбарии Афғонистонро ба даст дошт,
рӯзи 15 август баъди ба дасти Толибон афтодани аксари вилоятҳо ва дар
муҳосира қарор гирифтани Кобул тарки Афғонистон кард. Ба дунболи
фирори ӯ, Толибон бе ҷанг вориди Арки раёсатҷумҳурӣ дар Кобул

САРГАРДОНИИ ҲАВОПАЙМОИ АШРАФ ҒАНӢ ДАР ФАЗОИ ТОҶИКИСТОН (АКС) — Пойгоҳи хабарии «Бомдод»
шуданд. Дар нахустин паёмаш баъд аз фирор Ғанӣ гуфт, ба хотири
пешгирӣ аз хунрезии бештар тарки кишвар кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button