Сиёсат

БЛОГЕРИ МАШҲУРИ ЗОДАИ КӮЛОБРО БАРОИ ЧӢ ЗИНДОН КАРДАНД?

Хайрулло Насриддинов, блогери ҷавон аз Кӯлоб, ки бо чанд ташаббуси
хайраш ном бароварда буд, рӯзи 17 август дар саҳифааш дар Фейсбук
дар дохилияк матлаб дар ситоиши азми президент Эмомалӣ Раҳмон ба
эълони афви тиллоӣ ба муносиби 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон
хабар дод, ки ду моҳ дар ҳабс қарор дошт ва рӯзи 10 август бо қарори
додгоҳ, ки нисбат ба ӯ ҷаримаро раво дид, аз боздошт озод шуд.
Хайрулло Насриддинов Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун раҳбари
“бахшоянда” тавсиф карда, навишт: “Пас мо, озодшудагон, бояд аз
меҳрубониаш сӯистифода набарему кӯшиш кунем, такрор накунем ва
ислоҳ шавем. Худи ман як муддате аз озодӣ маҳрум будам (бо ҷурми
авбошӣ, ҷанг) медонам, ки чӣ қадар озодӣ ширин будаасту ғами
Падару Модар, зану фарзанд чӣ қадар мушкил. дар ин рӯзҳои дар
ҳабс буданам Падарҷонам аз дунё даргузашту ман иштирок
надоштам, шояд аз ғами ман буд?! Миннатдорам аз онҳое, ки дар
ҷаноза иштироку хизмат карданд.”

Дар посух ба суолҳои корбарон, ки оё ӯро барои чанд видео ба зиндон
андохтанд?, Хайрулло Насриддинов бидуни ироаи ҷузъиёти зиёд такрор
кардааст, ки барои авбошӣ ҳабс шуда буд.
Аммо Идибек Сироҷов боз ҳам ба ҷанбаи сиёсӣ доштани ҳабси
Хайрулло ишора карда, насиҳаташ кардааст, ки дигар ба сиёсат кор
нагирад ва ҷабр ба ҷони ҷавонаш накунад: “Камтар таърифу тавсиф
куну кори худута карда гард. Сиёсат раҳм ба ҷавонию хонаводаат
надорад, эшони Хайрулло, ҷабр бар ҷонут накун. Ин ҳабси худут
ҷанбаи сиёсӣ дораду халосият як неъмате аз ҷониби Аллоҳи
Боъазамату Доно ҳаст, на дигару дигар…”

Баъдан ӯ эълон кард, ки мехоҳад барои 400 мардикори
мардикорбозори пойтахт дар паҳлуи бозори “Султони Кабир” хобгоҳи
бепул бисозад. Ин мардикорон ҳар рӯз аз ноҳияҳо барои ҷустуҷӯи ҷои
кор ба Душанбе меоянд ва маҷбуранд дар интизори корфармоён рӯз то
бегоҳ дар кӯча рост биистанд. Ба болои ин, аксари онҳо ҷои хоб ҳам
надоранд.
Ибтикори Хайрулло барои бунёди хобгоҳ барои мардикорон аз ҷониби
мардум гарм истиқбол шуд ва бисёриҳо изҳор доштанд, ки омодаанд,
дар ин кори хайр саҳм бигиранд. Вале раёсати меъмории Душанбе дар
посух ба аризаи Хайрулло барои ҷудо кардани замин барои сохтани
хобгоҳ барои муҳоҷирон посух дод, ки дар замине, ки ӯ мехоҳад, тибқи
нақшаи генералии пойтахт, бояд дар оянда гулгашт бунёд кунанд.

Бори охир Хайрулло Насриддинов дар поёни моҳи марти соли ҷорӣ дар
пайи истирдоди ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик Иззат Амон
ба ҳимояти ӯ садо баланд кард ва гуфт, Иззат Амон шоистаи мақоми
сафири Тоҷикистон дар Русия аст, на истирдод.
Вале рӯзе баъд дар пайи “суҳбат” бо мақомоти УБОП Хайрулло
Насриддинов бо нашри як видеои нав аз ҳимояташ аз Иззат Амон даст
кашид ва гуфт, вақте аз вай ҳимоят мекард, намедонист, ки Иззат
Амонро ба қаллобӣ айбдор мекунанд. Рӯшан набуд, ки Хайрулло
Насриддинов ин видеорхудаш мустақилона нашр карда буд ё бо талаби
мақомот.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button