Хабарҳо

ЛАТТУКӮБИ ҲАМДЕҲА АЗ СӮИ ДУ ПИСАРАМАК ВА ДУЗДИИ 4 ЧАРХИ МОШИН АЗ КОРХОНАИ ТИЛЛОИ “ЗАРАФШОН”

Сокини 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи
Темурмалик субҳи 10 август, соати 7:30, ҳангоми баргаштан аз
чарогоҳи маҳаллаашон ҳамроҳи писарамаки 28-солааш марди 29-
солаи ҳамдеҳаашонро латтукӯб кардаанд. Дар натиҷа, ҷабрдида ба
саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона
бистарӣ гаштааст. Ба ду писарамак бар асоси моддаи 110 КҶ ҶТ аз 5
то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ду сокини 29 ва 30-солаи ноҳияи Панҷ бо гумони дуздии як сар
чорвои калон аз як хоҷагии деҳқонӣ дар ҷамоати К.Сайфуддинов ва
ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри
Истаравшан бо гумони дуздии як сар чорво аз заминҳои деҳаи
Қалъачаи Араб дастгир шудаанд.
Ду сокини 29 ва 33-солаи ҷамоати Косатароши Панҷакент ба дуздии
4 чархи мошини боркаш аз анбори корхонаи тиллои “Зарафшон” ва
ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ ба
дуздии 1000 сомонӣ, ҷавоҳироти тиллоӣ, дастгоҳи ДВД ва анҷоми
рӯзгор аз хонаи як сокини шаҳраки Ҳулбук гумонбар мешаванд.
Аз навори хабарҳои рӯзи 16 августи маркази матбуоти ВКД
Тоҷикистон
Боздошт гардидани ду писарамак
барои лату кӯби як ҳамдеҳаашон
Рӯзи 10-уми августи соли 2021, тахминан соати 07:30-дақиқа, марди 29-
солаи сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик ҳангоми
баргаштан аз чарогоҳи маҳаллаашон марди 27-солаи сокини ҷамоати
деҳоти С.Раҳимови мазкур бо маслиҳати пешакӣ бо писари амакаш
марди 28-солаи сокини ҳамин ҷамоат бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату
кӯб намудаанд.
Дар натиҷа, ҷабрдида ба саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ
бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.
Нисбати гумонбаршавандагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот
идома дорад.
Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Панҷ бо ариза марди 29-солаи сокини ҷамоати
деҳоти К.Сайфуддинови ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 13-
уми августи соли 2021, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз

ЛАТТУКӮБИ ҲАМДЕҲА АЗ СӮИ ДУ ПИСАРАМАК ВА ДУЗДИИ 4 ЧАРХИ МОШИН АЗ КОРХОНАИ ТИЛЛОИ “ЗАРАФШОН” — По…
заминҳои хоҷагии деҳқонии Муъминобод, воқеъ дар ҷамоати деҳоти
К.Сайфуддинов 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса
ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия мардони 29 ва 30-солаи сокинони ноҳияи Панҷ
бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Истаравшан бо ариза марди 34-солаи
сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 13-уми августи соли 2021,
тахминан соати 09:00, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои
деҳаи Қалъачаи Араб, 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи
ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил
медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ҷамоати деҳоти
Сабристони ҳамин шаҳр ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти
дуздӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2
Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот
идома дорад.
Ҳамзамон, ба ШВКД дар шаҳри Панҷакент мактуби корхонаи муштараки
Зарафшони шаҳри Панҷакент ворид гардидааст, ки рӯзи 2-юми августи
соли 2021, тахминан соати 22:00, шахсони номаълум, бо роҳи пинҳонӣ
ба амборхонаи корхонаи мазкур даромада, аз он ҷо 4-адад чархҳои
автомашинаи боркашро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари
расонидашуда 16 ҳазору 304-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби
кормандони милитсия мардони 29 ва 33-солаи сокинони ҷамоати
деҳоти Косатароши шаҳри мазкур, ки якеашон ба ҳайси ронанда ва
дигарашон оператори корхонаи мазкур фаъолият менамуданд, бо
гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси
ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома
дорад.
Ҳамин тариқ, зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини
ҷамоати деҳоти М.Вайсови ноҳияи Восеъ ҳамчун гумонбар дар содир
намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, шаби 13-уми августи соли 2021, тахминан соати 21:00, бо
роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини ҷамоати
шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи мазкур даромада, аз он ҷо 1 ҳазор сомонӣ,

ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, 1-адад дастгоҳи дивидӣ ва лавозимоти
рӯзгори хонаро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари
расонидашуда 14 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button