Хабарҳо

МАРГИ МУШТЗАНИ 18-СОЛАИ ТОҶИК ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ БАЪДИ ЯК МУСОБИҚА ДАР ЧЕЛЯБИНСК

МАРГИ МУШТЗАНИ 18-СОЛАИ ТОҶИК ИБРОҲИМ ҲАСАНОВ БАЪДИ ЯК МУСОБИҚА ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Федератсияи бокси вилояти Челябински Русия аз марги варзишгари 18-солаи зодаи Тоҷикистон Иброҳим Ҳасанов хабар дод. Муштзани ҷавони тоҷик рӯзи 3 июни соли 2022, баъди 6 рӯзи як мусобиқа дар бемористони Челябинск ҷон додааст. Федератсияи бокси Челябинск дар саҳифааш дар Фейсбук навишт: “Табибон 6 рӯз барои наҷоти ҷони Иброҳим Ҳасанов мубориза бурданд. Вале бо вуҷуди кумаки тиббии касбӣ Иброҳимро аз чанги марг наҷот дода натавонистанд”.

Ҳоло хешу табори Иброҳим Ҳасанов асноди лозимро ҷамъоварӣ доранд, то ҷанозаи ӯро барои дафн ба ватанаш Тоҷикистон баранд.

Бино ба иттилои нашрияҳои маҳаллӣ, варзишгари тоҷики зодаи Тоҷикистон қаблан ба ММА машғул буд ва чанде пеш дар як мусобиқа дар ин навъи варзиш иштирок карда буд. Вале баъди аз Русия ба кишвари дигар рафтани мураббиаш, Иброҳим Ҳасанов ба бокс рӯй овардааст. Фоҷиа рӯзи 27 май дар мусобиқаи вилоятии бахшида ба ҷашни Ғалаба рух додааст. Ҳасанов, ки дар вазни то 60 кило ҳунарнамоӣ мекард, дар марҳалаи ниманиҳоӣ аз рақибаш шикаст хӯрд, вале баъди анҷоми рақобат то кунҷи худаш рафта натавонист ва баногоҳ аз по афтод. Яке аз мураббиёни маҳаллӣ ба «Комсомольская правда—Челябинск» гуфтааст, “Иброҳим зери борони зарбаҳо монд ва ҳатто дучори нокдаун шуд, вале довар бозиро қатъ накард. Мутаассифона, ин бештар ба як занозанӣ дар кӯча монанд буд, то ба набарди бокс”.

Варзишгарони тоҷики зиёде дар Русия маҷбуранд барои таъмини зиндагии худ, саломатиашон ва ҳатто ҳаёташонро ба хатар гузошта, барои пул ба майдон бароянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button