Хабарҳо

ВАҚТЕ ПАДАР ДАР ХОКАТ МЕМОНАД…

ВАҚТЕ ПАДАР ДАР ХОКАТ МЕМОНАД…

Ҷамолиддин Фахриддин

Рӯзи 1 – уми июн як хешамон дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа – Душанбе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия сафар дошт, ба садама дучор мешаванд. Субҳи 2 – уми июн духтур ба назди хонавода меояду мегӯяд, худатонро ба даст гиред, зеро писаратон ба хоби абад рафт(((

Фирӯзҷон, ки ягона писар дар хонадон буд ва ба тозагӣ, аниқтараш панҷ моҳ пеш издивоҷ карда буд. Фирӯзҷон пеш аз сафар анқариб ба ҳамаи хешовандону наздикон хайрбод мегӯяд, вале намедонист, ки то абад хайрухуш дорад. Модараш бо ягона хоҳараш бо сад фиғон шаҳписари 25 – солаамон гуфтаву мегиристанд(((

Падар, ҳангоми ба хок супоридани шоҳписараш охирон видоъро дар даруни қабр карду гуфт, фикр мекардам, ту мара ба хок месупорӣ, бачам ва аз хубиҳои писараш ёдовар шуд, ки сағераро сад гап мегуфтам дам намезад, механдиду сараша хам карда мерафт, ин гуфту чашмонаш пур аз об шуд(((

Ҳангоми бозгашт, модараш мегиристу мегуфт, соҳиби чандин бача шавед, то мисли ман хонатон холӣ намонад(((

Худо касеро бо фарзандаш имтиҳон накунад ва ба онҳо сабр диҳад.

Рӯҳат шод бод Фирӯзҷони азиз, ором бихоб! (30. 04. 1997 — 2. 06. 2022)

Аз “Бомдод”: Парвиз ТВ қаблан бо нашри видео аз ҷои садама хабар дода буд, ки рӯзи 1 июни соли 2022, тақрибан соати 13 дар роҳи Душанбе Бохтар якбора 3 мошин ба ҳам бархӯрдаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button