ТОҶИКИСТОН

ШАРМАНДАГӢ! АЛИХОН БА РӮ НИҚОБ КАШИДА, ХОНАИ БАРОДАРИ ХУДАШРО ҒОРАТ КАРДААСТ

Соати дуи шаби 20 сентябр шаҳрванд Нурқулов Алихон Давлатович, с.т. 1979, зода ва сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Восеъ тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамдеҳааш Тоҳиров Муҳаммадшо Хайруллоевич, с.т. 1982, бо мақсади роҳзанӣ ва тасарруфи пулу мол бо истифода аз зӯроварӣ ғайриқонунӣ вориди манзили шаҳрванд Нурқулов Хурсанд Давлатович дар деҳаи Меҳробод гардида, ҳамсари ӯ Исматова Рӯзигул Мирзоевнаро шадидан латтукӯб карда, 50 ҳазор сомонӣ пулро ба яғмо бурдаанд. Ҳардуро худи ҳамон рӯзи 20 сентябр дастгир карданд. Нисбат ба онҳо бар асоси моддаи 249, қисми 2, Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Алихон Нурқулов ва Муҳаммадшо Тоҳиров бар асоси ин банди қонун аз 10 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.Вале бадтар аз ҳатто ҳукми зиндон шармандагиест, ки ба гардани ин ду сокини Меҳробод умрбод бор шуд. Яке бояд як умр бори шармандагӣ барои ғорати хонаи ҳамдеҳаашоро бояд бикашад ва дигарӣ бори шармандагии боз ҳам бузургтар – ҳамла ба хотири пул ба хонаи бародарии хунии худашро…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button