ФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ШАБНАМИ СУРАЙЁ 40-СОЛА ШУД (ВИДЕО)

Шабнами Сурайё, яке аз маъруфтарин ситораҳои эстрадаи муосири тоҷик рӯзи 14 октябр ба синни 40 расид. Бардоштҳо аз эҷодиёти Шабнам дар ҷомиа яксон нест, вале чӣ тарафдорону чӣ мухолифонаш эътироф мекунанд, ки агар ӯ дар ҷавҳар истеъдоди фавқулодда намедошт, наметавонист дар тӯли ин қадар сол ин қадар маҳбубиятро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар доираҳои ҳамзабонҳои мо аз Афғонистону Эрон ба даст биорад. Мехоҳем, ё намехоҳем, вале ҳеҷ каси дигар аз хонандагони муосири тоҷик баробари Шабнами Сурайё натавонистааст дар берун аз Тоҷикистон ин қадар маъруфият ба даст биорад. Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.Шабнами Сурайё соли 2004, баъди ҷудо шудан аз шавҳари аввалаш, ки аз хонаводаи дар он даврон дар Кӯлоб пурнуфузи Чоловҳо буд, пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи «Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button