Рӯйдодҳои БадахшонТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

МАРД НАМИРАД БА МАРГ! ДАРГУЗАШТИ САБЗАЛӢ САФАРАЛИЕВ ДАР СИННИ ҲАМАГӢ 38

Қалби Сабзалӣ Сафаралиев, мудири мактаби №6 деҳаи Ширгини ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи 13 апрели соли 2024 аз задан бозмонд. Ӯ ҳамагӣ 38 сол дошт ва ба гуфтаи наздиконаш, ба иллати сактаи қалби ногаҳонӣ ҷавонмарг шуд.

Ин марсия дар марги Сабзалӣ Сафаралиев ба қалами Хуҷамёр Алиёрзода аст:

Зиндаву ҷовид мондҳар ки накӯном зист,
Каз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Санаи 13 апрели соли 2024 қалби яке аз шахсиятҳои гиромиву барҷаста мӯҳтарам Сафаралиев Сабралӣ Ниёзмамадович аз тапидан боз монд ва эшон дори фониро падруд гуфтанд. Сабзалӣ Сафаралиев мудири мактаби рақами 6 деҳаи Ширгини ҷамоати Вранги ноҳияи Ишкошим буд.

Албатта, бо шунидани чунин хабари нохуш ва нобаҳангом қалби ҳаммаи мо, наздикони эшон ва ҳамаи онҳое, ки Сабзалӣ Сафаралиев мешинохтанд, дар ғам ғӯттавар шуд.

Сабзалӣ Сафаралиев санаи 14 январи соли 1986 дар деҳаи Ширгин дар оилаи омӯзгори зиндаёд устод Сафаралиев Ниёзмамад, мудири собиқи мактаби рақами 6 дида ба олами ҳастӣ боз карда, ҳанӯз дар овони кӯдакӣ модари дилсӯзу меҳрубонашонро аз даст дода буд. Ӯ аз соли 1992 то соли 2003 дар мактаби деҳаи Ширгин аълумоти миёна гирифта,  соли 2003 ба риштаи физикаи  Донишгоҳи омӯзгории Точикистон дохил шуд.

Ҳарчанд дар он даврони дар мактаби миёна ва сипас дар донишгоҳ таҳсил кардани Сабзалӣ Сафаралиев на вазъияти сиёсӣ чандон хуб буд ва на шароити зиндагонии мардум, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ ҳам мактаби миёнаро бо натиҷаҳои аъло ва ҳам Донишгоҳро бо дипломи сурх хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ аз тарафи маъмурияти мактаби олӣ ба Сабзалӣ Сафаралиев  пешниҳод шуд, ки дар ҳамин донишгоҳ кору фаъолияти илмию омӯзгорӣ кунад, лекин зиндаёд ихтиёр накард ва ба зодгоҳ баргашт. Ӯ аз рӯзи хатми донишгоҳ то дами марг дар мактаби рақами 6 ба ҳайси муаллими фанни физика, муовини мудир ва солҳои охир ҳамчун мудири ин мактаб бетанаффус ва содиқона ба мардуми диёраш хидмат кард.

Дар ин байн соли 2008 ба саффари Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ даъват шуд ва як сол адои хизмати Модар Ватанро адо карда, соҳиби рутбаи лейтенанти хурд гардид.
Сухан бисёр аст, касонеЮ ки ин шахсияти гиромиро мешиносанд, ҳама аз хоксорӣ, сатҳи баланди маърифат ва хидматҳои эшон бохабаранд.
Мард намирад ба маргмарг аз ӯ номҷӯст,
Ном чу ҷовид шудмурданаш осон куҷост?
Барои устоди гиромӣ ҷаннати ҷовидонаро дуогӯем, ёдаш ба хайр!
Зиндагӣ саҳнаи яктои ҳунармандии мост,
Ҳар касе нағмаи худ хонаду аз саҳна равад.
Саҳна пайваста баҷост,
Хуррам он нағмаки мардум биситонад ба ёд!
Боварии комил дорем, ки номи устод, хидматҳои устод муддатҳои дароз аз хотираи мо тира нахоҳад шуд!
Алвидоъ, устоди гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button