ФарҳангЧеҳраҳо

НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

НАВИСАНДАИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН САТТОР ТУРСУН АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон ва яке аз намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри 20 ва аввали асри 21, шаби 5 июни соли 2023 дар синни 77 аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, тақрибан се соли охир адиби шинохта аз саратони ғадуди зери меъда ранҷ мекашид ва дар ниҳоят ҳамин маризӣ сабаби маргаш шуд. Маросими видоъ бо Саттор Турсун рӯзи 6 июн, соати 12:00 дар назди хонааш, кӯчаи Асадулло Ғуломов 3 (рӯбарӯи “Автовокзал”) ва сипас, соати соати 13:00 намози ҷанозаи адиб дар масҷиди марказии пойтахт баргузор мешавад. Саттор Турсунро дар оромгоҳи Лучоб дар канори дигар бузургони адабиёт ва илму фарҳанги тоҷик ба хок месупоранд.Аҳли фарҳангу адаб даргузашти Саттор Турсунро як талафоти бузург барои адабиёти муосири тоҷик меноманд ва мегӯянд, ӯ аз охирин намояндагони барҷастаи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри 20 ба шумор мерафт.

Саттор Турсун 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии риштаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввалин китоби ӯ «Дили гарм» соли 1971, вақте адиб ҳамагӣ 25 сол дошт, нашр шуд. Аз Саттор Турсун даҳҳо ҳикояву қиссаву повесту роман ба ёдгор монд. Аз ҷумла «Пайванд», «Ситораи корвонкуш», «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)», «Зиндагӣ дар домани талҳои сурх», «Барф ҳам мегузарад», «Падар», «Се рӯзи як баҳор», «Думбура», «Пайғамбарзот», «Сукути қуллаҳо», «Камони Рустам» (1976), «Аз субҳ то шом» (1979),, «Дувоздаҳ ҳикоя» (1986), «Дарахти ҳазорсола» (1991), «Санг дар бағал ба тӯфон» (2002), «Чорбанди домангир» (2011) ва ғайра. Осори Саттор Турсун ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст. Соли 1982 киностудияи «Тоҷикфилм» дар заминаи «Камони Рустам» филми ҳунарии «Айёми туманҳои тобистон»-ро ба навор оварда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button