Минтақа ва Ҷаҳон

ОҚИБАТИ ҶАНГ: САДДИ ОБАНБОРИ НИРӮГОҲИ КАХОВКА РАХНА ШУДААСТ

ОҚИБАТИ ҶАНГ: САДДИ ОБАНБОРИ НИРӮГОҲИ КАХОВКА РАХНА ШУДААСТ

Субҳи 6-уми июни соли 2023 расонаҳои украинӣ аз тахриби сарбанди нерӯгоҳи барқи обии «Каховка», ки дар вилояти Херсони Украина ва ҳол бошад таҳти контроли Русия қарор дорад, хабар доданд. Ҷониби Русия дар аввал рахна шудани саддро «хабари фейк» гуфт, вале баъдан тасдиқ кард, ки сарбанди нирӯгоҳ рахна шудааст. Обанбори нирӯгоҳи Каховка як манбаи асосии таъмини оби нимҷазираи аз сӯи Русия ишғолшудаи Қрим ба шумор мерафт ва ҳатто президенти Русия Владимир Путин соли гузашта дар як суханрониаш таъмини оби Қримро яке аз сабабҳои шурӯи ҳамлаи Русия ба Украина ном бурда буд.

Фармондеҳи фаврии нерӯҳои «Юг»-и Украина дар саҳифаи фейсбуки худ Русияро айбдор намуд, ки артиши Русия дамбаи нерӯгоҳи «Каховка» -ро тарконид. Мақомоти ҳарбии Украина мегӯянд, садди обанбори нирӯгоҳи Каховкаро нирӯҳои дивизияи 205уми артиши Русия таркондаанд.

Бино ба хабарҳо, як қисмати бузурги шаҳри Новая Каховка бар асари фурӯ рехтани оби обанбор алакай зери об мондааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button