ТОҶИКИСТОНҶомеа

СОАТИ ЯКИ ШАБ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ САНГИНИ ШИДДАТАШ 5,9 БАЛЛ РУХ ДОД

СОАТИ ЯКИ ШАБ ДАР ТОҶИКИСТОН БОЗ ЯК ЗАМИНЛАРЗАИ САНГИНИ ШИДДАТАШ 5,9 БАЛЛ РУХ ДОД

Шаби 23 марти соли 2023, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи шадид рух додааст. Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки маркази заминларза дар километри 132-юми самти шимолу шарқии шаҳри Душанбе ва дар километри 50-уми самти шимолу ғарби шаҳраки Ғарм дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир шуда, замин дар умқи 11 километр ларзидааст. Бино ба ин манбаъ, қувваи заминларза дар марказаш 5-6 балл, дар Ғарм 4-5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил дод.

Ва аммо пойгоҳи earthquaketrack.com, ки заминларзаҳои рухдода дар саросари сайёраро лаҳза ба лаҳза пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки маркази ин заминларза дар 51километрии шимолу ғарби шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт ҷойгир шуда, замин дар умқи ҳамагӣ 5 километр ларзидааст ва иқтидори заминларза дар марказаш тибқи ҷадвали Рихтер 5,9 балл будааст.

Як рӯз қабл – шаби 21 март, соати 21:47 ба вақти Тоҷикистон як заминларзаи шадид кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистону Ҳиндро такон дод. Иқтидори ин офат дар марказаш дар шимоли Афғонистон то 7 балл ва дар Душанбе 5 балл баровард шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки заминларзаи шаби 21 март дар ҷумҳурӣ, хушбахтона, ягон талафот ё харобӣ ба ҷо нагузоштааст. Вале мақомоти Покистон аз ҳалокати дастикм 9 нафар ва осеб дидани аз 44 то 150 нафар хабар доданд ва вазорати тандурустии Афғонистон шумораи кушташудагон дар заминҷунбии шаби 21 мартро дар ин кишвар 4 нафар ва шумораи захмиёнро ҳудуди 70 нафар баршумурд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button