Минтақа ва Ҷаҳон

ҲИНДУСТОН АЗ УММОН ҲАБСУ ИСТИРДОДИ ЗОКИР НАЙКРО ТАЛАБ КАРД

ҲИНДУСТОН АЗ УММОН ҲАБСУ ИСТИРДОДИ ЗОКИР НАЙКРО ТАЛАБ КАРД

Бино ба навиштаи матбуоти Ҳиндустон, мақомоти Деҳлӣ аз cалтанати Уммон хостаанд, то Зокир Найк, як воизи машҳур, вале зиддунақизи мусалмонро боздошт ва ба Ҳиндустон истирдод кунад.

Қарор аст, ин воизи машҳур рӯзи панҷшанбе, 23 марти соли 2023,дар рӯзи аввали моҳи Рамазон ба Уммон сафар карда, дар ин кишвари арабӣ ду нишаст барпо кунад.

Бино ба навиштаи расонаҳои ҳиндӣ, дар робита ба боздошт ва истирдоди Найк ба Ҳиндустон, консулгарии Ҳинд ба мақомоти дахлдори Уммон дар тамос шудаанд.

Инчунин вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон низ сафири Уммон дар Деҳлиро даъват намуда,бо масъалаи боздошт ва истирдоди ин воизи шинохтаро дар байн гузоштааст.

Зокир Найк шаҳрванди Ҳиндустон буда, аз соли 2017 инҷониб дар зери пайгарди пулиси Ҳинд қарор дорад. Мақомоти Ҳиндустон Зокир Найкро ба «пулшӯӣ» ва «терроризм» муттаҳам мекунанд. Вале Зокир Найк ин иттиҳомотро қабул надорад. Ӯ баъд аз таҳти таъқиб қарор гирифтанаш дар соли 2017 Ҳиндустонро тарк намуд ва чанд сол боз дар Малайзия зиндагӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button