МУҲОҶИРОНХабарҳоХабарҳои кӯтоҳ

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ОХИРИН УЗВИ “БАНДАИ ТОҶИКҲО”, КИ ДАР ОМСК АЗ ТОҶИКҲО ПУЛ ТАМАЪ МЕКАРДАНД

Додгоҳи вилояти Омски Русия рӯзи 30 январи соли 2023 як марди 39-солаи зодаи Тоҷикистонро бар асоси ду банди Кодекси ҷиноятии Русия бо ҷурми “бандитизм” (қисми дуюми моддаи 209) ва “роҳзанӣ” (қисми сеюми моддаи 163) гунаҳкор шинохта, ба 8 солу 9 моҳи зиндон маҳкум кард. Маҳкумшуда охирин узви гуруҳи ҷиноии иборат аз 3 зодаи Тоҷикистон буд, ки дар солҳои 2013 ва 2014  ҳамватанони худашон – тоҷирони тоҷикро дар шаҳри Омск ба қавле “доля” баста буданд.

Ду узви дигари ин “бандаи тоҷикҳо” қаблан дастгир гардида, яке аз 15 соли зиндон ва дуюмӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуданд. Шарики охирини онҳо моҳи декабри соли 2021, баъди чанд соли иштирок дар дастикам се ҳолати роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ аз тоҷирони тоҷик бо ин умед ба Омск баргашт, ки фикр мекард, аъмоли ӯ алакай фаромӯш шудааст. Вале ӯро баробари омаданаш дастгир карданд ва тафтиши парвандаашро аз сар гирифтанд.

Худи маҳкумшуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба хулосаи тафтишот ва додгоҳ, ӯ соли 2013 бо даъвати як хешовандаш ба ин гуруҳи ҷиноӣ пайвастааст. Онҳо бо худ силоҳ доштанд ва бо таҳдиди латтукӯб ва ҳатто куштани тоҷирон ва хешу табори онҳо аз тоҷирони тоҷик дар Омск талаб мекарданд, ки ҳар моҳ ба онҳо маблағи муайянеро ҳамчун “ҳақ” бисупоранд. Дар умум онҳо дар солҳои 2013 ва 2014 тавонистаанд аз дастикам ду тоҷири тоҷик маблағи қариб 600 ҳазор рублро тасарруф кунанд.

Алексей Командиков, сардори хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Омск   дар шарҳи ин парванда пурсарусадо гуфт: “Аз аъмоли ҷиноии онҳо дар солҳои 2013 ва 2014 тоҷирони зодаи Тоҷикистон ҷарб дидаанд. Ҷинояткорон бо таҳдид бо корд ё пистолет аз ҷабрдидаҳо талаб мекарданд, ки ҳар моҳ барои “пуштибонӣ” ба онҳо пул бидиҳанд. Дар сурати қабул накардани ин талаб, ҷинояткорон ба тоҷирон фишори ҷисмонию равонӣ меоаварданд ва чандин бор тоҷиронро латтукӯб карда, таҳдид мекарданд, ки нафақат худашон, балки зану фарзандонашонро ҳам мекушанд. Ба ҳамин далел, ҷабрдидаҳо аз тарс муддати тӯлоние ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накардаанд”.

Аммо дар ниҳоят тоҷирони бечора маҷбур шуданд, ки ба пулис муроҷиат кунанд ва  инак, ҳарсе узви ин ба ном “бандаи тоҷикҳо” дастгир ва маҳкум ба солҳои тӯлонии зиндон шуданд.

Ҳар сари чанд вақт аз гӯшаҳои гуногуни Русия дар бораи боздошти аъзои чунин ба ном “бандаҳои тоҷикҳо” хабарҳо ба даст мерасанд. Аз ин хабарҳо бармеояд, ки “бандитҳои тоҷик” дар Русия зӯрашон фақат ба ҳамватанҳои бесоҳиби худашон мерасад…

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button