ХабарҳоҶомеа

ҶАРРОҲИ ОСЕТИН КАЗБЕК КУДЗАЕВ БОЗ ЯК ТИФЛИ МАЪЮБИ ТОҶИКРО БА ПО РОСТ КАРД

Ҷарроҳи машҳур аз шаҳри Владикавказ, пойтахти ҷумҳурии Осетияи шимолии Русия Казбек Кудзаев як кӯдаки нӯҳсола аз Тоҷикистон бо номи Ясирро, ки табибон дар Тоҷикистону Ҳиндустон дар табобати ӯ оҷиз монда буданд, ҷарроҳӣ кардааст.

Бино ба иттилои нашрия, пойҳои Ясер иллати модарзодӣ дошт ва  як пояш аз дигарӣ кӯтоҳтар буду пои дуюмаш ҳам батадриҷ каҷ шуда буд ва дар натиҷа, кӯдак роҳ гашта наметавонист.  Мушкилоти Ясер алакай баъди таваллудаш оғоз ёфт ва на масҳ (массаж), на дигар навъҳои табобат кумакаш карда натавонистанд. Дар ниҳоят волидонаш ба ҷарроҳии гаронбаҳо дар Тоҷикистон розӣ шуданд, вале он ҳам натиҷа надод: як пойи Ясер аз дигараш ҳамчунон кӯтоҳ буд ва каҷшавии пои дуюмаш суръати бештар гирифт.

Волидон Ясерро ба Ҳиндустон бурданд, то ки аз нав ҷарроҳӣ кунанд, вале вазъи ӯ боз бадтар шуд.

Казбек Кудзаев мегӯяд:  “Дар Ҳиндустон ба  рон ва зонуи пои чаи ӯ дастгоҳи Илизаровро часпонданд. Вале ин корро нодуруст анҷом додаанд ва шарнирҳо ё муфосилҳои зонуро беҷо шинондаанд. Дар чунин ҳолат, вақте ки муфосилҳои ноҷо шинондашударо ба ҳаракат медароред, бадани инсон сахт ба дард меояд”.

Баъди онки ҷарроҳӣ дар Ҳиндустон низ кумак накард, модари Ясер гузориши “Бомдод” дар бораи ҷарроҳии як тифли тоҷик аз ҷониби ҷарроҳи осетин Казбек Кудзаевро мебинад. Онҳо зуд ба Кудзаев нома навиштанд ва ӯ розӣ шуд, ки Ясерро барои муоина бипазирад. Баъди қабул Кудзаев зуд рӯзи ҷарроҳиро муқаррар кард ва дар натиҷаи ин ҷарроҳӣ дар рони рости кӯдак ҳама иллатҳоро бартараф карда, дастгоҳи сохтаи худи Кудзаевро ба бадани Ясер часпонданд. Ҳамзамон Кудзаев ба дарозтар кардани пои чапи Ясер идома дода истодааст.

Казбек Кудзаев дар  мусоҳиба бо Оssetia.news ” гуфт, ки барои пурра шифо ёфтану комилан ба по рост шудани Ясер ҳанӯз роҳи тӯлоние дар пеш аст:  “Мо бояд зонуҳоро дар мавқеияти дуруст ҷобаҷо кунем ва ҳамзамон онро дарозтар кунем. Мо ба қароре расидем, ки ин корро аз ҳисоби худи устухони зону кунем, на аз ҳисоби дигар қисматҳои бадан. Моро роҳи тӯлоние ҳанӯз дар пеш аст. Дастгоҳро аз пои рост мо шояд ягон 3 моҳ баъд мегирем. Дар пойи чапаш бошад ӯ бояд дастгоҳро ягон 5 моҳ бояд бигардонад”.

Кудзаев мутмаин аст, ки дар натиҷаи ин ҷарроҳӣ пойҳои Ясер дар ниҳояти амр ҳарду росту баробар мешаванд ва ӯ метавонад ба осонӣ роҳ бигардад.

Вале табобати ӯ бо ҳамин табобат намешавад. То расидани Ясер ба синни 18 ӯ бояд ҳамчунон таҳти муоина боқӣ бимонад, чунки суръати рушди пойҳояш яксон нест, фарқ мекунад.

Ин бори аввал нест, ки Казбек Кудзаева ҷарроҳиҳои душвори кӯдакони тоҷикро ба дӯш мегирад. Як сол пеш ӯ як духтараки тоҷикро, ки то синни 13 чорғовак роҳ мерафт, ба по рост карда буд.

Он вақт низ ҳамин нашрияи Ossetia News чӣ гуна аз ҷониби ҷарроҳи осетин Казбек Кудзаев ба пойҳояш рост кардани Мавлуда ном духтараки хурдсол аз Тоҷикистонро нашр карда буд.

Гуфта мешуд, Мавлуда бо он ки ба синни 13 расида буд, ба иллати фалаҷи кӯдак (ДЦП) ба пои худ рост истода наметавонист ва бо як азобу машаққати зиёд чорғовак ҳаракат мекард.

Видеои чӣ гуна бо азоб  ҳаракат кардани Мавлударо намояндагони як созмони хайрия ба ҷарроҳ Казбек Кудзаев фиристоданд. Табиб аз дидани лаҳзаҳои бо чӣ машаққат бо қуввати дастонаш худро кашола карда бурдани Мавлуда хеле ба риққат омад ва худаш пешниҳод кард, ки омода ҳаст, ин духтараки тоҷикро бепул ҷарроҳӣ кунад.

Казбек Кудзаев гуфт: “Маро бавижа он лаҳза ба риққат овард, ки ӯ дар рӯи ҳавлӣ чорғовак роҳ мерафт ва кафшонашро дар дастонаш пӯшида буд, на дар пойҳояш. Ин маро сахт ба риққат овард ва ман ба худ гуфтам, ки бояд ба ӯ кумак кунам.”

Як табиб аз Тоҷикистон пули сафари оилаи Мавлуда то Владикавказро пардохт кард ва Мавлуда бо падару модараш ба инҷо омаданд. Рӯзи 13 январи соли 2022 амалиёти ҷарроҳӣ анҷом дода шуд. Амалиёт хеле мураккаб буд ва қариб чоруним соат давом кард. — нақл карда буд ҷарроҳ  Кудзаев.

Алакай се рӯз баъди ҷарроҳӣ Мавлуда кам-кам ба хестан сар кард. Казбек Кудзаевизҳори итминон карда буд, ки Мавлуда дар оянда метавонад ба роҳатӣ худаш мустақилона, бидуни кумаки дигарон роҳ бигардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button