Хабарҳо

АБДУҚОДИР ТАЛБАКОВ: АРТИШИ ТОҶИКИСТОН БОЯД БО ДРОНҲО ҚАВӢ КАРДА ШАВАД

Абдуқодир Талбаков (Абдуқодири Абдуқаҳҳор), журналисти тоҷик ва мудири Китобхонаи Лоҳутӣ рӯзи 14 ноябри соли 2022 дар як матлаб дар Фейсбук бо дарназардошти таҷрибаи ҷанги Русияву Украина, ки аҳамияти насли нави силоҳҳоро дар ҷангҳои муосир барҷаста кард, хостори бо ҳавопаймоҳои бесарнишини муосир (дронҳо) қавитар кардани иқтидори ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шудааст.

Ӯ менависад: “Таҷрибаи ҷанги Русия ва Украина нишон дод, ки дар замони муосир дрон ва ё тайёраҳои бесарнишин нақши ҳалкунанда доранд. Аз ин рӯ, бо назардошти ташдиди муносиботамон бо баъзе ҳамсоякишварҳо бояд ҳатман ниҳоди махсусе дар таркиби ҷузъу томҳои артиши кишварамон (фаразан ротаи дрончиён) созмон дода шавад. Таъсиси факултаи «оператори дрон» дар донишкадаи ҳарбӣ низ аз манфиат холӣ нест. Мо гуфтем ва боз артишдорони аршад хубтар медонанд”.

Ин пешниҳоди Абдуқодир Талбаков мавҷи вокунишҳои гармро ба дунбол дошт. Аксари онро пешниҳоди бамаврид ва саривақту лоиқи дастгирӣ номида, пуштибонӣ кардаанд.

Аз ҷумла Ғайратчон Мухторов навиштааст: “Нуран ало нур мешавад! Баробари замон бояд ҳаракат кард!” Ғаффор Амиров низ комилан мувофиқ буданаш бо назари Абдуқодир Талбаковро зикр карда, ин байти машҳури классиконро ба шакле дигар иқтибос овардааст ки: “Бояд «зи таҷрибаи рӯзгор бахра гирифт, то дар дафьу рафьи ҳаводис кор диҳад.».

Аъзамшох Шрговадӣ низ пешниҳодро хуб номида, бар афзудааст ки ”дар талоши сохтани дронҳои худӣ низ бошанд, чунки баъзе ҳамсоякишварҳо дрон мефурғшанду истифодаи онро тавсия намекунанд))”. Манзури Шрговадӣ зоҳиран Эрон аст, ки ба Тоҷикистон додани дронҳояшро тасдиқ кард, вале як генерали баландпояаш ахиран гуфт, ки онҳо ба ҷониби Тоҷикистон таъкид кардааст, ки зинҳор ин дронҳоро дар даргириҳои марзӣ ба зидди Қирғизистон истифода накунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button