Хабарҳо

ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ЯК ЗАН АЗ СӮИ ШАВҲАРАШ ДАР ДАНҒАРА (2 АКС)

ЛАТТУКӮБИ БЕРАҲМОНАИ ЯК ЗАН АЗ СӮИ ШАВҲАРАШ ДАР ДАНҒАРА (2 АКС)

Як сокини 31-солаи ноҳияи Данғараро бо иттиҳоми латтукӯби бераҳмонаи ҳамсари 27-солааш боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои манобеи огоҳи пойгоҳи хабарии “Бомдоди”, Шамсиддин Раҳмонов, соли таваллудаш 1991, сокини кӯчаи Гидростроителҳои шаҳраки Данғара бегоҳи 12 ноябри соли 2022 дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш Манижа Достиева, соли таваллудаш 1995 муноқиша карда, дар ҷараёни ҷанҷоли оилавӣ ҳамсарашро зери борони мушту лагат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки Шамсиддин Раҳмонов баъди аз мушту шаттаҳои ӯ ба замин афтодану аз ҳуш рафтани ҳамсараш ҳам ором нагирифта, боз бо кунда чанд зарбаи дигар ба сари зани бечора задааст.

Дар пайи он ҳодиса Манижа Достиеваро дар ҳолати вазнин ба бемористони марказии ноҳияи Данғара овардаанд ва табибон инак чанд рӯз боз барои наҷоти ҷони ин ҷавонзани модари чор фарзанд аз чанголи марг мубориза мебаранд. Ба гуфтаи табибон, дар натиҷаи латтукӯби бераҳмонаи шавҳар чандин дандон ва дасту пойҳои Манижа Достиева шикастааст ва аз ноҳияи сараш низ захмҳои чунон сахте бардоштааст, ки ба гуфтаи як табиб, “аз гардан болои ин зан мисли мочалка шудааст”. Манижа Достиева аз ҳамон бегоҳи 12 ноябр дар ҳолати кома, яъне беҳушӣ қарор дорад ва табибон вазъи ӯро ҳамчунон хеле вазнин арзёбӣ мекунанд. Шамсиддин Раҳмоновро ҳамон бегоҳ баъди латтукӯби ҳамсараш кормандони милитсияи ноҳии Данғара бо худ бурдаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button