Хабарҳо

ҲУКМИ УМРБОДИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР АБХАЗИСТОН БАРОИ ФУРӮШИ 50 ГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР

ҲУКМИ УМРБОДИ ЯК ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР АБХАЗИСТОН БАРОИ ФУРӮШИ 50 ГРАММ МАВОДИ МУХАДДИР

Додгоҳи шаҳри Сухуми, пойтахти ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон, рӯзи 3 ноябри соли 2022 Собирхон Бӯриеви 22-соларо, ки зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия будааст, ба ҳабси абад бо мусодираи молу мулк маҳкум кард. Додгоҳ Собирхон Бӯриевро дар “ҷиноят ба зидди саломатии мардум ва маънавиёти ҷомиа”, дақиқтараш дар кӯшиши фурӯши 50 грамм маводи мухаддири навъи “мефедрон” гунаҳкор шинохтааст.

Додситонии кулли Абхозистон рӯзи 4 ноябр дар шарҳи ин парванда гуфт, зодаи Тоҷикистон ва шарҳванди Русия Бӯриев Собирхон Сайдуллоевич, санаи таваллудаш 22 апрели соли 2000, ба он гунаҳкор шинохта шуд, ки дар ивази пул тавассути “махфигоҳҳо” маводи мухаддир мефурӯхт. Ӯ аз ҷумла дар ҳудуди Донишгоҳи давлатии Абхозистон 3 махфигоҳ сохтааст. Бӯриевро кормандони милитсия ва амнияти Абхозистон моҳи июни соли 2022 дастгир карданд.

Додситонии Абхозистон гуфт, “Бӯриев С.С. дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ иттиҳомоти ба зиддаш эълоншударо эътироф накард, ҳарчанд ки ӯ дар ҷараёни тафтиши пешакӣ бо тафтишот фаъолона ҳамкорӣ дошт ва ҷойҳои махфигоҳҳои маводи мухаддирашро нишон дода буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button