Чеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МУРАББИИ ШИНОХТА ДАВЛАТХӮҶА РАҲИМОВ – УСТОДИ ДУ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН

ДАРГУЗАШТИ МУРАББИИ ШИНОХТА ДАВЛАТХӮҶА РАҲИМОВ – УСТОДИ ДУ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН

Рӯзи ҷумъа, 4 ноябри соли 2022, қалби устоди варзиши СССР, Мураббии шоистаи Тоҷикистон ва Аълочии маорифи ҶТ Давлатхӯҷа Раҳимов дар синни 68 аз тапидан бозмонд. Журналисти тоҷик Хилватшоҳи Маҳмуд хабар дод, ки маросими намози ҷанозаи ин мураббии шинохтаи варзиш рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе, дар масҷиди пушти бинои Прокуратураи генералии Тоҷикистон доир мешавад.

Давлатхӯҷа Раҳимов соли 1954 дар деҳаи Шрговади ноҳияи Қалъаихумб (ҳоло Дарвоз)-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, пас аз хатми мактаби миёна ба шаҳри Душанбе омад. Баъди тамом кардани таҳсилоти олӣ ӯ тӯли тамоми умр дар арсаи таълиму тарбияи гуштингирон (гуштини самбо, тарзи классикӣ ва миллӣ) заҳмат кашид. То ба нафақа баромадан, ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби самбои ҷавонони Тоҷикистон ифои вазифа дошт.

Бино ба иттилои Хилватшоҳи Маҳмуд, аз шумори шогирдони зиёди марҳум Давлатхӯҷа Раҳимов ду нафар сазовори унвони чемпиони ҷаҳон шудаанд. Аз ҷумла Акбаршо Саидшоев нахустин қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни ҷавонон аз Тоҷикистон шуда буд ва Эраҷ Раҳимов, ки ҳоло дар Олмон ба сар мебарад, унвони қазрамони ҷаҳон миёни ҷавонон дар риштаи самбои размиро ба даст овардааст. Панҷ карат ноиб-қаҳрамони самбои ҷаҳон, паҳлавони хушахлоқу сангинвазн Набимуҳаммад Хоркашов низ аз шогирдони мактаби устод Давлатхӯҷа Раҳимов ба шумор меравад.

Хилватшоҳи Маҳмуд марҳумро “Устоди арҷманди варзишгарони номошно, инсони шарифу хоксор, марде аз мардистони зиндагӣ” ва “марди қавлу амал” ном бурда, менависад: “Муаллими Давлатхӯҷа инсони хоксор, ҳамидарафтор ва хирадманд буданд. Ҳамвора ба шогирдонаш талқин мекард, ки «аввал мактаб рафта дарс хонед ва баъд тамрин кунед».

Ному корат ҳамеша дар ёди мо боқӣ мемонад, МУАЛЛИМ!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button