Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар пайи канда шудани як пули одамгузар дар Ҳинд 60 кас фавтид

Дар пайи канда шудани пули одамгузар дар шаҳри Морвӣ дар ғарби Ҳинд на камтар аз 60 кас фавтидааст. Пули овезон аз болои дарёи Мачху охири асри 19 бунёд ва ҳафтаи гузашта, баъд аз таъмир боз шуда буд.

Ҳангоми канда шудан болои он, ба ҳисобҳо гуногун, аз 150 то 400 кас роҳ мерафт. Ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбеи 30 октябр рух дод.

Ба иттилои пешакӣ, пул вазни одамонеро бардошта натавонистааст, ки якбора болои он баромадаанд. Бештаре аз фавтидагон кӯдакон, занон ва пиронсолон ҳастанд, иттилоъ медиҳанд хабаргузориҳо бо такя ба касоне, ки дар ҷои ҳодиса қарор доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button