Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Аз ибтидои сол қариб 320 ҳазор русиягӣ вориди Узбекистон шудаанд

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон омори русиягиҳоеро нашр кард, ки аз оғози соли ҷорӣ вориди ин кишвар шудаанд.

Ба иттилои вазорати корҳои дохилии Узбекистон, аз моҳи январ то охири сентябри соли ҷорӣ 318 ҳазору 156 шаҳрванди Русия вориди Узбекистон шудаанд. Бештари онҳо ба Узбекистон аз моҳи июл то сентябр омадаанд.

Шумори дақиқи русиягиҳое, ки вориди Узбекистон шудаанд, айни замон бештар аз оморест, ки мақомоти Узбекистон эълом карданд. Зеро баъд аз эъломи сафарбарсозии низомӣ дар Русия дар даҳаи охири моҳи сентябр, садҳо ҳазор шаҳрвандони он кишвар ба хориҷ фирор карданд.

Кумитаи омори Узбекистон хабар медиҳад, ки шумори сайёҳон аз Русия дар моҳҳои январ-сентябр дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 бештар аз 2,1 маротиба афзудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button