Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Путин сиёсати Ғарбро ифлос ва хунхор номид

Сиёсати Ғарб хунхору ифлос аст, он соҳибихтиёрии мамлакатҳо ва халқҳоро инкор мекунад, аммо дар айни замон ху бидуни қоида зиндагӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Ғарб тартиботеро пешниҳод мекунад, ки ба қоидаҳо асос ёфтааст, аммо худи давлатҳои ғарбӣ имкон пайдо мекунанд, ки бидуни қоида зиндагӣ кунанд.

Ин изҳоротро президенти Русия Владимир Путин дар ҷаласаи клуби мубоҳисавии байналмилалии «Валдай» баён дошт.

Ба ақидаи ӯ, масъалаи тағйироте, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, инчунин хавфи таназзули институтҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани принсипҳои номафҳуми амнияти дастаҷамъӣ ва иваз кардани ҳуқуқи байналхалқӣ на як бору ду бор ба миён гузошта шудааст. Путин бовар дорад, ки дар паси ин давлатҳои ғарбӣ худи қоидаҳоро пинҳон мекунанд.

«Умуман маълум нест, ки ин қоидаҳоро кӣ ихтироъ кардааст, ин қоидаҳо бар чӣ асос ёфтаанд, дар дохили ин қоидаҳо чӣ аст», — бовар дорад сарвари Русия.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки кишварҳои ғарбӣ ваҳдат надоранд, балки як конгломератанд.

Путин ҳамчунин аз фаъолиятҳои Ғарб ёдовар шуд, ки боиси ҷанг дар Украина ва иғво дар атрофи Тайван шуд.

Мавсу ҳамчунин қайд кард, ки бо амалкарди кишварҳои ғарбӣ вазъи ғизо дар ҷаҳон бадтар шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button