АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳо

Русия аз ҳазорон террорист дар Афғонистон ва дасти ИМА дар ноории ин кишвар гуфт

Дар Афғонистон нуфузи террористон алалхусус ДОИШ* дар шимоли ин кишвар зиёд шудааст, ки барои пешгирӣ аз таҳдидоти он чораҳои дастаҷамъӣ лозиманд

ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳ бо ҳудуди 10 000 террорист фаъолият дорад.

Дар ин бора Олег Сиромолотов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар суҳбат бо РИА «Новости» изҳор доштааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки Русия вазъи афзоиши нерӯҳои махфии террористӣ дар Афғонистонро хеле ҷиддӣ мешуморем.

«Яке аз сохторҳои ҳудудии фаъол дар Афғонистон бахши минтақавии «ДОИШ-и Хуросон»* боқӣ мемонад, ки шумори онҳо ба ҳисоби мо, аз 1500 то 2000 ҷангҷӯро ташкил медиҳад», -афзуд номбурда.

Ба гуфтаи муовини вазири умури хориҷии Русия, ҳамчунин дастгирии молӣ ва афзоиши террористҳои хориҷӣ дар Афғонистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button