Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Нигаронии Тоҷикистон аз афзоиши корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон

Хадамоти марзбонии Тоҷикистон аз афзоиши шумораи корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон ва афзоиши истеҳсоли ҳероин хабар дод

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Тайи як соли ахир ҳаҷми тавлид ва паҳншавии маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кишваршо Хушвахт хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар қаламрави Афғонистон маводи мухаддири синтетикӣ бештар тавлид мешавад.

«Истехсоли маводи мухаддири синтетикӣ, бахусус, метамфетамин афзоиш ёфтааст. Дар баробари ин, афзоиши назарраси корхонаҳои тавлиди маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст», — гуфт Кишваршо Хушвахт.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, афзоиши тавлид ва паҳншавии афюн ва ҳероин ба қайд гирифта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button