Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Чаро дар Суғд ба 7 нафар иҷозаи бастани ақди никоҳ надодаанд?

Масъулони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд хабар доданд, ки ба ҳафт ҷавони сокини ин вилоят иҷозаи издивоҷ карданро надодаанд

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Табибон сабаби монеашавии худ дар бастани ақди никоҳи ин гурӯҳи ҷавононро пешгирӣ аз олудагӣ ба беморӣ ва паёмадҳои манфии он шарҳ доданд.

Абдумавлон Абдуллозода, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳадаф аз манъи издивоҷи ин теъдод ҷавононро ба хотири пешгирӣ аз олудагӣ ва паёмадҳои ногувори ин маризӣ шарҳ дод.

“Муттаасифона дар ташхиси иммуноферментии ҳафт нафар никоҳшаванда зуҳуроти бемории ВНМО дарёфт шуд ва ба ҳамин далел издивоҷи онҳо манъ карда шуд. Ин танҳо ба хотири дар оянда ба вуҷуд наомадани нофаҳмӣ, ҷудошавӣ ва сироятӣ ВНМО аст”, — изҳор намуд, Абдуллозода.

Бино ба иттилоъи манбаъ аз ин ҳафт нафар чаҳор мард ва се зан будаанд.

Директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд гуфт, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 53, 4 ҳазор сокини ин вилоят аз ташхиси беморӣ гузаштаанд, ки 19, 3 ҳазори он никоҳшавандаҳо будаанд.

“Ҳафт нафаре, ки дар вақти гузаронидани ташхис нишонаҳои беморӣ пайдо гардид, ҳаркадоми онҳо ба маслиҳат ва табобат қарор дода шуданд”, — қайд намуд, директори марказ.

Омори ру ба камшавии БПНМ (СПИД) дар Суғд

Табибон дар вилояти Суғд таъкид меварзанд, ки солҳои охир мавридҳои сироятёбӣ ба ВНМО коҳиш ёфтааст.

Абдумавлон Абдуллозода, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар вилояти Суғд, зимни суҳбат дар бораи омори сирояти ин маризӣ иттилоъ дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button