Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Тоҷикистон чӣ қадар молро аз Ӯзбекистон харид?

Бар асоси омори расмӣ Тоҷикистон ба феҳрасти кишварҳои пешсафе дохил шудааст, ки тайи 9 моҳи аввали соли равон молҳои Ӯзбекистонро харидорӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 16 окт – Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти харидорони молҳои Ӯзбекистон дар зинаи 7-ум қарор гирифтааст, хабар дод мақомоти омори ҶӮ.

Ба иттилои манбаъ, дар садри даҳгонаи кишварҳое, ки моли аз ҳама зиёдро аз Ӯзбекистон харид кардаанд, Русия бо нишондоди зиёда аз 2.1 млрд доллар ҷой гирифтаст.

Дар даҳгона Тоҷикистон бо нишондоди беш аз 352 млн доллар дар зинаи 7-ум қарор дорад.

Таъкид шудаст, дар давоми 9 моҳ содироти мол аз Ӯзбекистон ба Чин 2 млрд доллар, ба Қазоқистон — 1 млрд доллар, Қирғизистон — 683 млн, Афғонистон — 514 млн, Тоҷикистон — 352 млн, Канада — 160 млн, Туркманистон – 154 млн ва ба Эрон 114 млн долларро ташкил додаст.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон азм доранд, ки додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 млрд доллари амрикоӣ расонанд. Бар асоси омори расмӣ, додугирифти кишварҳо тайи солҳои охир майли афзоиш дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button