Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Додугирифтҳои шабона бо пулҳои қалбакӣ дар Суғд

Дар шимоли Тоҷикистон ба андозаи даҳҳо ҳазор сомонӣ пулҳои қалбакӣ ошкор карда шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот аз асл фарқи хеле каме доштанд

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ боздошт карда шуд, хабар дод мақомоти умури дохилии вилояти Суғд.

Ба иттилои манбаъ, асосан пулҳои тақаллубӣ 50-сомониҳое будаанд, ки хеле монандӣ ба асл доштаанд.

«Дастгиршуда 90 ҳазор сомонии қалбакиро, ки ҳамагӣ купюраҳои 50-сомонӣ буд, ба муомилот баровардаст», — афзуд мақомоти умури дохилӣ.

Тавзеҳ дода шудааст, ки муттаҳам пулҳои қалбакиро барои харидории мошину чорво истифода мекардааст. Мақомот мегӯянд, барои анҷоми додугирифт махсусан вақти муайян интихоб мекардаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button