Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Таркиши маргбор дар Туркия: аксҳо аз ҷои ҳодиса

Бар асари таркиш дар як кони ангишт дар шаҳри бандарии Амасраи Туркия, дар соҳили баҳри Сиёҳ, 40 конкан кушта ва 11 тани дигар маҷрӯҳ шуданд

Таркиш дар кони ангишти музофоти Бартин, дар умқи 300 метрӣ замоне рух додааст, ки беш аз 100 нафар дар он ҷо машғули кор будаанд. Бар асоси гузоришҳо, бар асари ин фоҷиа 40 конкан кушта ва 11 нафари дигар захмӣ шуданд. Президенти Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз маҳалли таркиш боздид кард.

Таҷаммӯи пайвандони ангиштканҳо дар наздикии кон. Ҳудуди 58 нафар аз зери кон наҷот дода шуданд.

Ангиштканҳо ҷасади ҳамкорашонро дар шаҳри Амасра интиқол дода истодаанд. Сабаби таркиш ҳанӯз мушаххас нашудааст.

Раванди расондани кумаки тиббӣ ба коргари осебдидаи кони ангишт дар музофоти Бартини Туркия.

Яке аз наҷотдиҳандагон дар маҳалли таркиш дар кон Амасра дар соҳили Баҳри Сиёҳ.

Наздикони ангиштканҳо дар наздикии кон. Теъдоди кушташудаҳо бар асари таркиш ҳудуди 40 нафар арзёбӣ мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки дар пайи рух додани ин фоҷиа роҳбарони давлатҳо ба Эрдуғон ва пайвандони ҳалокшудаҳо изҳори ҳамдардӣ карданд. Паёми таслиятро ба раисҷумҳури Туркия, аз ҷумла президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Русия, Владимир Путин ирсол намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button