Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҷинпин гуфт, мухолифи гегемония ва яккаҳукмронӣ дар ҷаҳон аст

Раҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин ҷонибдории қатъии Ҳизби коммунистии ҳоким дар кишварро аз бисёрсамтии воқеӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ баён дошт

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Чин қатъиян мухолифи гегемония ва истифодаи зӯргӯӣ дар муносиботи байналмилалист.

Ин нуктаро котиби генералии Кумитаи марказии Ҳизби комуннистӣ, роҳбари Чин, баён дошта, афзуд Пекин ҷонибдори бисёрсамтии воқеӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.

Вай зимни маросими ифтитоҳи ҷаласаи 20-уми умумичинии Ҳизби коммунистӣ таъкид ба дипломатия дар муносиботи байналмилалӣ кард.

«Мо дипломатияи давлати бузург, бо хусусиятҳои чиниро ҳамаҷониба пеш мебарем. Барои бунёди ҷомеае бо ояндаи муштараки башарият мусоидат мекунем», — изҳор дошт ӯ.

Ҷинпин ҳамчунин таъкид кард, ки беғаразӣ ва адолатро дар муносибатҳои байналмилалӣ қатъиян дифоъ мекунаду мавқеи рӯшани зидди яккаҳукмрониро дорад.

Маврид ба зикр аст, ки ҷаласаи 20-уми Ҳизби коммунистии Чин аз 16 то 22 октябр дар Пекин бо иштироки ҳудуди 2300 вакил аз тамоми кишвар баргузор мегардад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button