Хабарҳои кӯтоҳҶомеа
Додугирифтҳои шабона бо пулҳои қалбакӣ дар Суғд
![](https://bomdodi.com/wp-content/uploads/2022/10/Screenshot_3-3.png)
Дар шимоли Тоҷикистон ба андозаи даҳҳо ҳазор сомонӣ пулҳои қалбакӣ ошкор карда шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот аз асл фарқи хеле каме доштанд
ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Як сокини шаҳри Истаравшан бо иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ боздошт карда шуд, хабар дод мақомоти умури дохилии вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, асосан пулҳои тақаллубӣ 50-сомониҳое будаанд, ки хеле монандӣ ба асл доштаанд.
«Дастгиршуда 90 ҳазор сомонии қалбакиро, ки ҳамагӣ купюраҳои 50-сомонӣ буд, ба муомилот баровардаст», — афзуд мақомоти умури дохилӣ.
Тавзеҳ дода шудааст, ки муттаҳам пулҳои қалбакиро барои харидории мошину чорво истифода мекардааст. Мақомот мегӯянд, барои анҷоми додугирифт махсусан вақти муайян интихоб мекардаст.