Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Раҳбари толибон: Давлати холис исломӣ барпо мекунем

Раҳбари толибон дар паёми сабтиии ахираш, ки расонаӣ шуд аз эҷоди як давлати холиси исломӣ дар қаламрави Афғонистони таъкид кардааст

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Муло Ҳибатуллоҳ Охундзода қайд кардааст, ки дар масири таҳаққуқи чунин давлати холис исломӣ дар Афғонистон ҳар гунаи фишорро таҳаммул хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.

Дар ин паёми савтии мансуб ба раҳбари толибон, ки рӯзи ахиран дар шабакаҳои иҷтимои нашр шудааст, Муллои Ҳибатуллоҳ Охундзода гуфтааст, ки қавонин ва лавоеҳи ғайришаръӣ нофиз дар бист соли гузашта дар Афғонистон лағв мешавад.

Раҳбари толибон меафзояд: тамоми қавонин ва лавоеҳи кории вазоратхонаҳоро хоста ва бо уламо шарик кардааст.

Мулло Ҳибатуллоҳ ҳамчунин аз таъомул бо ҷаҳон сухан гуфта, аммо таъкид карда аст, ки ин таъомул наметавонад бо шариъат мухолиф бошад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button