Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Интиқоли беш аз 300 паноҳҷӯи афғон аз Тоҷикистон ба Канада

Интиқоли паноҳҷӯёни афғон аз Тоҷикистон ба кишварҳои ғарбӣ идома дорад. 326 паноҳҷуии афғон бо парвозии вижа аз Тоҷикистон ба Канада мунтақил шуданд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Вазири муҳоҷирати Канада Шон Фрейзер дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст, ки шуморе афғонҳое, ки то кунун ба Канада расидаанд ба 21 ҳазору 700 нафарро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст бахши дарии сомонаи «Pars Today».

Канада соли гузашта эълом кард, ки 40 ҳазор афғон дар маърази хатарро мепазирад.

Ин кишвар ду ҳафта пеш низ 300 паноҳҷуии афғонро аз Тоҷикистон интиқол додааст.

Канада дар моҳҳои ахир раванди интиқоли паноҳҷуёни афғон ба ин кишварро афзоиш додааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button