УмумӣХабарҳоХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Дар баъзе маҳаллаҳои Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад

12 октябр аз соати 23:00 то соати 24:00-и 13 октябри соли 2022 дар баъзе шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва бо инобати иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» дар ин рӯз дар ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ интиқоли оби нӯшокӣ ба миқдори як шабонарӯз қатъ мегардад.

Инчунин дар маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и ноҳияи Шоҳмансур низ дар ин рӯз қатъ мегардад.

Интиқоли оби ошомиданӣ дар маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами ноҳияи Сино низ дар ин рӯз муваққатан қатъ карда мешавад.

Ҳамчунин дар кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбеи ноҳияи Фирдавсӣ низ интиқоли оби нӯшокӣ аз соати 23:00-и 12 октябр то соати 24:00-и 13 октябри соли 2022 қатъ мегардад.

Аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯз миқдори зарурии об захира намоянд.

АМИТ «Ховар»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button