ХабарҳоХабарҳои кӯтоҳҲуқуқи инсон

Хонаро ба зани хиёнаткорам диҳам?

Ману ҳамсарам ҳамдигарро дӯст дошта оила бунёд намуда будем ва мисли Лайлию Маҷнун бо рафтору гуфтори худ ҳар лаҳза муҳаббати самимиамро иброз мекардем. Азбаски ҳаётамон ширин буд, чи тавр аз байн 15-сол гузаштанашро нафаҳмида мондем. Шукри худо соҳиби 3-фарзанди дӯстрӯяк ҳастем. Аз чизе камӣ надошта бошем ҳам, барои боз ҳам беҳтар кардани шароити зиндагии ҳамсари дӯстдоштаам ман ҳатто шабона кор мекардам, вале… Намедонам чи шуду чи монд, ки вақтҳои охир ҳамсарам нисбати ман бепарво шуда монд. Ростӣ аввалҳо чандон аҳамият намедодам, вале баъдан рӯз то рӯз аз ман дилхунук шуданашро баръало ҳис карда ба андеша рафтам, ки ба занам чи шуда бошад. Дил дур рафт, ки мабодо ба доми ягон марди дигар наафтода бошад. Ба хотири шубҳаамро дур кардан , баъд аз хобаш бурдан телефони мобилиашро кушода дидам, ки дар ҳақиқат бо як марди дигар сӯҳбатҳои ошиқона мекардааст. Хостам, то субҳ инро пинҳон дорам, аммо аз рашк дилам, вуҷудам дар оташ месӯхт. Дигар тоқат накрада, занамро аз хоб бедор кардам ва оромона пурсидам, ки ин мардҳоро чӣ хел мешиносад. Мехост аз худ мусичаи бегуноҳ созад, аммо телефонашро дар дастам дида, дамаш дарун зад. Таъкид кардам, ки ҳозир падару модар ва бародаронатро ҷеғ мезанам ва ҳамаи гуноҳҳоятро ба онҳо мегӯям, ту ба ман хиёнат кардӣ, ба фарзандонамон хиёнат кардӣ. Ба зора даромад, ки дигар ин корро намекунам, бачаҳоямонро пеши пои бегонаҳо хору зр накун. Баъд аз он ки номи фарзандонро гирифт, ояндаи бачаҳоямро фикр карда, хомӯш мондам, то ки мардум “модарат бероҳа будаат”гуфта фарзандонамро таъна накунанд. Баъди ин корҳо мо бо ҳамроҳии оилаам барои зиндагӣ дар Русия ҳуҷҷатҳоямонро омода карда, ба Русия рафтем. Корамон омаду карда ман ҷойи кори сердаромад ёфтам, вале ҳамсарам зрӣ кард, ки ӯро ҳам ба кор монам. Ба хотири хушҳолиаш розигӣ додам, вале баъди ду-се моҳи кориашрафтори занам дигар шуд. Нисбати ман боз беаҳмиятӣ мекард. Чанд маротиба хостам телефонашро тафтиш кунам, чунки шубҳаву гумонҳи беҷо дар дилам боз зиёд шудан мегирифт, вале рамзи телефонашро аз ман пинҳон дошта, ҳатто баъзе шабҳо онро ба хона намеовард. Ин дафъа волидонашро аз ҳодиса хабардор кардам. Онҳо ба ҷои он ки фарзандашонро барои зиндагиашро мустаҳкам кардан, насиҳат кунанд, гуфтанд, ки телефони дигар харида деҳ, онро кушоду равшан дар наздат истифода мебарад. Ман ҳам ба хотири зиндагӣ ин корро кардам, аммо рафтори занам беҳтар нею бадтар шуда монд. Хулоса, шабе бо ҳамкорон нишастему ба хона дер баргаштам. Вақте омадам, ҳамсарам аллакай масти хоб буду телефонаш дар наздаш. Ҳисси кунҷквиам боло гирифт ва бо сояи дасташ телефонро кушода тамоми паёмакҳояшро хондам. Ин дафъа бо ситеза аз хоб бедораш кардам, вале ин дафъа занам аз рӯйи мақоли “забони ғару дузд дароз” амал карда, маро сухан кардан намегузошт, чунки мо дар Русия ду хона харида будем ва мани аблаҳ ҳарду хонаро ба номи писаронам ҳуҷҷат карда, хонаи дар Тоҷикиситон будаамонро ба номи модари фарзандонам гузаронида будам ва хуб медонитс, ки дар сурати ҷудо шуданамон хонаҳо ба ӯ мемонанд. Вақте ҷанги мо то хусуру хушдоманам расид, онҳо маро аз хона зада пеш карданд. Айни замон дар дигар шаҳр ҳастам, фарзандонам бо модарашон дар дигар шаҳранд. Ҳарчанд ду хона дар Русия ва як хона дар Тоҷикистон ба номи фарзандонам ҳасту онҳоро соҳиб шудаанд, боз алимент талаб карда истодаанд. Ман фарзандонамро бениҳоят дӯст медорам. Мехоҳам бо фарзандонам сӯҳбат кунам, овозашонро шунавам,чунки хеле пазмонашон шудаам, вале рақамҳои телефони мобилиашонро иваз кардаанд ва бо онҳо сӯҳбат карда наметавонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? 

Сарчашма: Оила

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button