УмумӣФарҳанг

АБДУРОЗИҚ БАЪДИ ЯК СОЛИ ТАНАФФУС НАХУСТИН КЛИПАШРО НАШР КАРД. ТАРОНАИ НАВИ Ӯ БА ҲИНДИСТ

Абдурозиқ, овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик, ки 19 сол ва ҳамагӣ 1 метр қаду 18 кило вазн дорад, нахустин клипаш баъди “кандан” аз продюсери аввалаш Барон ва рафтанаш аз Тоҷикистонро нашр кард. Абдурозиқ, ки вақтҳои охир дар Дубай ва Ҳиндустон кору зиндагӣ мекунад, таронаи нахустинаш баъди як соли танаффусро ба забони ҳиндӣ иҷро кардааст.

Тарона “Chota Bhaijaan” унвон дорад, ки аз ҳиндӣ ҳамчун “Додарҷон” тарҷума мешавад.

Абдурозиқ ин таронаро дар ҳавои оҳангҳои хоси филмҳои ишқии ҳиндӣ, ки як замон дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ хеле шуҳрат доштанд, сароидааст ва дар ҷараёни клип ҷомаю либоси қаҳрамонҳои машҳури филмҳои ҳиндиро ба бар мекунад.

Ин тарона рӯзи 8 октябри соли 2022 дар канали Абдурозиқ дар Ютуб нашр шуда, дар байни 3 рӯз зери 300 ҳазор тамошобин ҷамъ овардаанд. Вале аз шарҳҳои зери клип дида мешавад, ки аксари тамошобинони таронаи нави Абдурозиқ аҳли Ҳинданд, ки таронаи ин овозхони тоҷикро дар умум хеле хуш пазируфтаанд. Аммо дар майдони шарҳҳои зери клипи тарона “Додарҷон” шарҳҳо ба забони тоҷикӣ ваё аз тамошобинони тоҷик қариб дида намешаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button