Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати 174 кас. Бозии футбол дар Индонезия бо фоҷеа анҷом шуд

Дар натиҷаи ҳарҷу марҷ дар майдони футбол дар Индонезия 174 нафар ҷон бохта, даҳҳо кас захмӣ шудаанд.

Ҳодиса рӯзи 1-уми октябр ва баъди шикасти тими мизбон – «Арема» аз рақибаш – «Персебая» рӯй дод.

Ҳаводорони тими «Арема» шишаи обро ба сӯи бозигарон партофта, ба майдон дохил шуданд. Пулиси зидди шӯриши Индонезия бо истифода аз гази ашковар хост, мардуми хашмгинро пароканда кунад.

Мақомот мегӯянд, мумкин аст, теъдоди қурбониён бештар шавад, чун вазъи шуморе аз захмиён вазнин аст. Дар бораи кушта шудани камаш ду афсари пулис низ гузориш расид.

Раиси ҷумҳури Индонезия хоҳони таҳқиқи ҳодиса шуд. Федератсияи байнулмилалии футбол пулиси Индонезияро барои истифода аз гази ашковар алайҳи ҳаводорони футбол танқид кард.

Ин ҳодиса яке аз бадтарин фоҷеаҳои варзишӣ дар ҷаҳон хонда шудааст. Пеш аз ин, дар бозии муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон-1996 миёни Гватемала ва Коста-Рика воқеаи монанд рух дода буд. Дар он ҳодиса беш аз 80 нафар кушта ва сад каси дигар захмӣ шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button