Хабарҳо

ФИРОРИ САРОСАРӢ: САДҲО ҲАЗОР НАФАР АЗ РУСИЯ БА ХОРИҶ, АЗ ҶУМЛА БА ОСИЁИ МИЁНА МЕГУРЕЗАНД

Бино ба иттилои ФСБ Русия, танҳо дар 4 рӯзи аввали баъди эълони басиҷсозӣ (мобилизатсия) беш аз 261 ҳазор нафар тарки ин кишвар кардаанд. Нашрияи «Новая газета» бо нашри ин омор навиштааст, дар маъмурияти президенти Руси ба таври ҷиддӣ масъалаи бастани марзҳоро ҳам баррасӣ кардаанд. Дар бораи ин ки садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандон ба хотири фирор аз рафтан ба ҷанги Украина тарки кишвар карда истодаанд, президенти Русия Владимир Путин низ хабар дорад. Рӯзи 26 сентябр, президенти Беларус Александр Лукашенко, ки бо сафари инак ҳафтумаш шаҳрвандонаш зиқ нашавад. “Онҳо худашон баъди чанде дархости бозгашт мекунанд”, — фол зад бо сабки хосаш Лукашенко.

Сокинони Тоҷикистону Қирғизистону Ӯзбекистон низ аз фурӯ рехтани фавҷ фавҷи “гурезаҳо” аз Русия хабар медиҳанд. Дар Тоҷикистон, бино ба хабарҳо, дар меҳмонхонаҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон ва шаҳрҳои дигар ягон ҳуҷраи холӣ намондааст. Ҳатто дар меҳмонхонаи гаронбаҳои “Ҳятт Реҷенси”. Дар ин ҷо эътироф кардаанд, ки ба сабаби фурӯ рехтани меҳмони зиёд аз Русия ҳатто ҳуҷраи президентиро, ки аз ҳама гаронбаҳост, ба иҷора гирифтаанд. Риэлторҳо мегӯянд, дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон тақрибан ягон манзил барои иҷора додан ҳам дигар холӣ намондааст.

Бисёре аз сокинони Тоҷикистон аз ҳамватанони худ хостаанд, ки нисбат ба шаҳрвандони Русия, ки ба Тоҷикистон омадаанд, аз ҳадди аксари эҳтиром ва бо меҳмоннавозии хоси мардуми тоҷик кор бигиранд. “Онҳо аз хушӣ рӯ ба гурез наовардаанд”, — менависанд корбарони тоҷик.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button