Хабарҳо

ШИКОЯТ Ё БЕМОРӢ? БАРКАНОРИИ МУДИРИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БАЪДИ ҲАМАГӢ НИМ СОЛИ КОР

ШИКОЯТ Ё БЕМОРӢ? БАРКАНОРИИ МУДИРИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БАЪДИ ҲАМАГӢ НИМ СОЛИ КОР

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон, пас аз шаш моҳи фаъолият, аз вазифа барканор карда шудааст. Аммо масъулини Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми кишвар мегӯянд, ки Анзурат Назарзода аз вазифа барканор нашудааст, балки бо хоҳиши худаш аз ин вазифа даст кашидааст.

Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Хатлон Ширинзода Муҳиддин Исмоил гуфт, дар асоси шикояти кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун фаъолияти кории мудири шуъбаи маориф Анзурат Назарзода тафтиш ва як қатор камбудиҳоро ошкор кардаанд ва ба Вазорати маориф ва илми кишвар маълумотнома пешниҳод кардаанд. Худи Анзурат Назарзода дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба “Фараж” сабаби аз вазифа даст кашиданашро “беморӣ” унвон карда, ҳама гуна шикояти кормандону омӯзгорон ва тафтишро дар фаъолияти кориаш рад кард.

-Саломатиам хуб нест, бемории “диабети қанд” шудам. Ман худам аризаи аз кор рафтанамро навиштам. Дар ду маҷлис беҳуш шудам. Ягон омӯзгор ҳам шикоят накардааст ва тафтиш ҳам нашудааст, – гуфт мудири ҳамакнун собиқи шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷайҳун.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button