Хабарҳо

БАРКАНОРИИ РОҲБАРОНИ “ТОҶИК ЭЙР”- ХАДАМОТИ ТАНЗИМИ НАҚЛИЁТ ВА ВАЗИР

Президенти Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли 2022 ҷаласаи ҳармоҳаи ҳукуматашро баргузор карда, ба раиси ноҳияи Шаҳритус барои ислоҳи камбудиҳо 4 моҳ муҳлат дод ва ҳамчунин дар ин рӯз чанд тағйироти кадриро ба амал овард. Аз ҷумла Раҳмон рӯзи 29 сентябр Дилшод Исматуллозодаро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан”аз мақоми мудири кулли ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик Эйр озод ва ба ҷои ӯ Шодмонзода Парвиз Абдураҳимро роҳбари ин корхона таъйин кардааст. Исматуллозода, ки қаблан дар мақоми муовини раиси дастгоҳи президент кор мекард, 22 январи соли 2019 дар ҳоле роҳбари “Тоҷик Эйр” таъйин шуд, ки ин ширкати ҳавопаймоӣ ҳамаи парвозҳояшро қатъ карда буд. Як вазифаи асосие, ки дар назди Исматуллозода гузошта буданд, рафъи мушкилоти молиявӣ ва дубора фаъол сохтани “Тоҷик Эйр” буд. Вале бо гузашти 3 солу 8 моҳи кори Дилшод Исматуллозода, ба истиснои чанд парвози чартерӣ, ки зоирони тоҷикро ба сафари Ҳаҷ бурду овард, ин ширкат дигар натавонист ягон парвози мунтазам анҷом диҳад.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 сентябр ҳамчунин Ганҷалзода Шералӣ Раҳмонро низ “бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёт” озод карда, ба ин мақом Қурбонзода Далер Қурбонро таъйин кард.

Тасмими сеюми кадрии президенти Тоҷикистон – барканории Шавкат Бобозода аз мансаби раиси Агентии содироти ин кишвар — тасмиме буд, ки ҳама интизорашро дошт. Ахиран хабарҳо нашр шуд, ки Шавкат Бобозода тақрибан ду ҳафта боз дар ҳабс қарор дорад. Радиои Озодӣ хабар дод, ки Бобозода гӯё аз як ширкати хориҷӣ дар ивази “мусоидат” 300 ҳазор доллар пора талаб кардааст. Дар ин бора, ки оё ба ҷои Бобозода кӣ ба раҳбарии ин агентӣ таъйин мешавад?, иттилои расмие то ин соат нашр нашудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button