Хабарҳо

ПИРИ ГУШТИНИ ДЗЮДОИ ТОҶИК РАСУЛ БОҚИЕВ БА СИННИ 40 РАСИД!

ПИРИ ГУШТИНИ ДЗЮДОИ ТОҶИК РАСУЛ БОҚИЕВ БА СИННИ 40 РАСИД!

Расул Боқиев, яке аз хушномтарин варзишгарони муосири тоҷик, рӯзи 29 сентябри соли 2022 ба синни 40 расид. Расул Боқиев барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 дар Пекин, барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар соли 2007 дар Рио-де-Жанейро, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар солҳои 2007, 2010, 2011 ва 2012, чемпиони Русия дар соли 2009 мебошад. Ҳоло дар Русия зиндагӣ дорад.

Mуҳаммадрозиқ Неъматов, шореҳи шинохтаи варзиш ва масъули гуруҳи Tajik sport дар Фейсбук Расул Боқиевро сардафтар ва «пир»-и гуштини дзюдои тоҷик номида навиштааст:

“Дар ин 13-14 сол ҳеҷ кас аз ҷудокорони мо натавонист корнамоии Расулро такрор кунад. Паҳлавонони ҷавонону умедбахш ва мураббиёнашон ва коршиносони варзишӣ ҳоло мефаҳманд, ки варзишкор бояд чӣ роҳи сахту душвореро тай кунад,чи азобу машаққатҳоеро паси сар кунад,то медали мусобиқоти ҷаҳон ва Бозиҳои Олимпӣ сазовор бигардад Дар замоне, ки Расул дар майдонҳои ҷаҳонӣ ҳунарнамоӣ мекард, ҷоизаи президентӣ, стипендияи президентӣ ва пуштибонии ниҳодҳои варзишии кишвар ба андозаи имрӯз набуд. Расул шабҳо дар Маскав таксиронӣ мекард,то пули тамрину, ягон машқҳои дастаҷамъӣ ва ғазояшро ба даст биёрад. Воқеан дар шароити ун вақтҳо медали ҷаҳон ва Бозиҳои Олипиро гирифтан як амали Қаҳрамонии дигар буд… Варзиши ҷудои тоҷик мадюни заҳмату талошҳо вв қаҳрамониҳои Расул Боқиев ҳаст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button