Хабарҳо

ҶАНҶОЛИ ДУ МӮСАФЕДИ ҲАМСОЯ ДАР ВОСЕЪ БО ОДАМКУШӢ АНҶОМ ЁФТ

ҶАНҶОЛИ ДУ МӮСАФЕДИ ҲАМСОЯ ДАР ВОСЕЪ БО ОДАМКУШӢ АНҶОМ ЁФТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳодисаи одамкушӣ дар ноҳияи Восеъ хабар дод. Мутаассифона, шоми шанбе, 24 сентябри соли 2022 дар инҷо муноқиша ва занозании байни ду марди солхӯрдаи ҳамсоя бо марги яке аз онҳо анҷом ёфтааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 63-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.

“Номбурда, 24-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 18:30, бо ҳамсояаш, марди 60-солаи сокини ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, бо мушт ба сари номбурда задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ба замин афтида, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст”, гуфта мешавад дар иттилоияи ВКД.

Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бар асоси қисми сеюми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба марди дастгиршуда барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки аз беэҳтиётӣ сабаби марги ҷабрдида шудааст, ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button