Хабарҳо

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КОРМАНДИ ТОЛОРИ МАСҲИ ШАҲВОНӢ ДАР ЧЕЛЯБИНСК

ҲУКМИ ЗИНДОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҶОВУЗ ВА ҚАТЛИ КОРМАНДИ ТОЛОРИ МАСҲИ ШАҲВОНӢ ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Додгоҳи вилояти Челябински Русия як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро бо ҷурми таҷовуз ва куштори як сол пеши як зани корманди толори масҳи шаҳвонӣ (салон эротического массажа) ба 26 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Додситонии вилояти Челябинск хабар дод, ки додгоҳ ин ҷавони тоҷикро ба пардохти 997 ҳазор рубл ҷуброни зарари маънавӣ ба намояндаи тарафи ҷабрдида низ муваззаф кардааст.

“Додгоҳ муайян кард, ки субҳи13 сентябри соли 2021 айбдоршаванда ба манзили ҷҷабрдида омада, ӯро таҷовуз кард ва сипас бо роҳи буғӣ кардан ӯро кушт. Ӯ аз хонаи ҷабрдида пулу мол ба маблағи 17 ҳазор рубл ва ҳамчунин шиносномаи ҷабрдидаро дуздид” – хабар додааст додситонии вилояти Челябинск. Ин ҳукм ҳанӯз ба иҷро надаромадааст ва маҳкумшуда метавонад аз он ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Худи ин ҷавон, ки як сол боз дар боздошт қарор дорад, барои шарҳи парвандааш дастрас нест, вале додситонӣ гуфт, ки ӯ дар рафти тафтишот ба гуноҳи худ пурра иқрор кардааст.

Зани масҳгар ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз зодрӯзи 35-умаш кушта шуд. Тафтишот мегӯяд, ки ҷавон ӯро барои он куштааст, ки ҷинояти қаблиаш, яъне таҷовуз ошкор нашавад. Бехабар аз он ки камераҳои зиёди дар он манзил насбшуда ҳар қадами ӯро ба навор мегирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button