Хабарҳо

“МАН ТОҶИКЧА НАМЕДОНАМ…” НАШРИ ТАРОНАИ НАВИ ЮЛДУЗ УСМОНОВА

“МАН ТОҶИКЧА НАМЕДОНАМ…” НАШРИ ТАРОНАИ НАВИ ЮЛДУЗ УСМОНОВА

Юлдуз Усмонова, яке аз тобонтарин ситораҳои эстрадаи муосири ӯзбек рӯзи 26 сентябри соли 2022 таронаи навашро бо номи “Тоҷикӣ медонед?” нашр кард. Юлдуз ин таронаро ҳамроҳ бо овозхони ҷавони тоҷикзабони зодаи Ӯзбекистон Малик иҷро кардааст. Тарона алакай дар як рӯзи аввал ва танҳо дар канали расмии Юлдуз Усмонова дар Ютуб наздики 300 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Ин тарона бо як лаҳни шӯху сабук дар сабки машҳури бандарӣ иҷро шуда, тавре ҳам ки аз номаш бармеояд, пиромуни забони тоҷикиро донистан ё надонистани Юлдуз аст. Ин ситораи эстрадаи ӯзбек дар Тоҷикистон низ мухлисони зиёд дорад, ки ба хотири онҳо чандин таронаро ба забони тоҷикӣ ҳам иҷро кардааст.

Юлдуз ва Малик дар таронаи “Тоҷикӣ медонед?” аз ҷумла чунин сатрҳоро мехонанд:

Малик:

Тоҷикӣ медонед?

Каме, духтар, гап занед!

Юлдуз:

Ман тоҷикча намедонам,

Тушунаману лекин кам-кам.

Ман тоҷикча намедонам,

Гапураману лекин кам-кам.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button