Хабарҳо

Талаботи асосӣ аз вазиру вакили оянда: Раҳмон гуфт, киҳо вазифа хоҳанд гирифт

Раисҷумҳури Тоҷикистон сиёсати кадрии ояндаро дар кишвар тавзеҳ дода, донистани забони хориҷиро барои ҳама — аз соҳибкорон то хизматчиёни давлатӣ муҳим хонд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Донистани забони хориҷӣ аз талаботи асосӣ зимни таъйини роҳбарони сохторҳои давлатӣ, вазирону вакилон дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ифтитоҳи бинои нави Донишкадаи давлатии забонҳои кишвар дар Душанбе баён дошт.

«Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди президент ва ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад», — гуфт ӯ.

Раҳмон афзуд, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.

«Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст. Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад», — илова намуд раисҷумҳур.

Ин бори аввал нест, ки Раҳмон аз додани афзалият ба забондонҳо дар сиёсати кадрӣ суҳбат мекунад.

Вай дар паёми охираш ба парлумони кишвар гуфт, баъди 10 сол бояд аъзои ҳукумат, вакилон ва дигар мақомдорони давлатӣ бояд кадрҳое бошанд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро ба мисли забони модарияшон донанд. «Инро ҳатман ҷорӣ кардан даркор», — таъкид намуд Раҳмон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button