Хабарҳо

ГАҲЕ ПУШТ БА ЗИНУ ГАҲЕ ЗИН БА ПУШТ… ҶИЯНИ НАЗАРБОЕВ БА 6 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Ғайрат Сотиболдӣ, ҷияни дар вақташ хеле сарватманд ва пурнуфузи президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба 6 соли зиндон маҳкум шуд. Ғайрат Сотиболдӣ нахустин нафар аз хешовандони наздики Назарбоев аст, ки барои ҷиноятҳои дар давраи раёсати амакаш содиркарда, аз ҷумла барои ғасби тиҷоратҳои дигарон, маҳкум ба зиндон шуд. Гуфта мешавад, ки Ғайрат Сотиболдӣ дар ҷараёни тафтишот ба ҳамкорӣ бо мақомот розӣ шудааст ва бар асоси тавофуқ бо тафтишот чунин ҳукми сабук гирифтааст.

Бино ба гузориши Радио Азаттык, додгоҳи №2 ноҳияи Байконири шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, рӯзи 26 сентябри соли 2022, ҳамагӣ 10 рӯз баъди шурӯи мурофиа, Ғайрат Сотиболдиро дар дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои давлатии “Қазахтелеком” ва “ЦТС” ба 6 соли маҳбаси низомаш миёна маҳкум кард.

Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ Жангелдӣ Есебаев аз додгоҳ ҳамчун ҷазо барои Сотиболдӣ 6 соли зиндон талаб карда, ҳамчунин хоста буд, ки ӯро аз орденҳои давлатии “Курмет” (“Ҳурмат”) ва “Парасат” (“Фаросат”) ҳам маҳрум кунанд. Рӯзи 20 сентябр, вақте айбдоркунанда талаби худро ба додгоҳ ироа кард, Ғайрат Сотиболдӣ гуфт, аз тавофуқ бо тафтишот ва “ҳамаи он чӣ, ки прокурор гуфт” пуштибонӣ мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button