Хабарҳо

АЗ СЕ ЗАН ПУЛ ГИРИФТА, ГУРЕХТА ГАШТААСТ… БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

АЗ СЕ ЗАН ПУЛ ГИРИФТА, ГУРЕХТА ГАШТААСТ… БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 22 сентябри соли 2022 аз ошкор шудани силсилақаллобиҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ хабар дод ва гуфт, як ҷавонзани 28-сола аз ин ноҳия ба он айбдор мешавад, ки даст ба авомфиребӣ зада, се зани дигар аз ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи дар умуум беш аз 270 ҳазор сомонӣ фиреб додааст.

Бино ба иттилои ВКД, дар аввал ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки моҳи январи соли 2022, зани 28-солаи сокини ноҳияи зикргардида, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш матоъҳои гуногун меорад, аммо маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

дар рафти тафтиш маълум шудааст, ки ҳамин ҷавонзан бо ҳамин роҳ дар ҳамон моҳи январи соли 2022 ба боварии зани 64-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ низ 100 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз шаҳри Дубай барояш матоъҳои гуногун оварда, баъдан маблағашро бармегардонад, аммо ӯро ҳам то ҳол фиреб дода, гурехта гаштааст.

ВКД меафзояд, ки гумонбаршаванда бо ҳамин тарзу усул боз ҳам дар ҳамон моҳи январи соли 2022 ба боварии зани 35-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ барои ба тиҷорат машғул шудан маблағи 71 ҳазору 600 сомонӣ гирифта, то ҳол ӯро ҳам фиреб дода, маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button