Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ду моҳ муҳлат: Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳо насб мешаванд

Дурбинҳои назоратӣ дар минтақаҳои баҳсии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба таври баробар аз ҳар ду ҷониб насб карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Ду моҳ муҳлат дода шуд, ки дар минтақаҳои баҳсии наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон дурбинҳои назоратӣ насб карда шаванд.

Ин нукта дар санади имзонамудаи Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев таъкид гардидаст.

«На дертар аз ду моҳ баъди имзои санади мазкур аз тарафи фармондеҳони қушунҳои сарҳадии ду кишвар дурбинҳои назоратӣ насб карда мешаванд», — омадааст дар протокол.

Таъкид гардидаст, ки макони насби дурбинҳо, таъмини амнияти онҳо, тартиби истифодаи наворҳо бо протоколи алоҳида муқаррар мешавад, ки дар давоми як моҳи оянда амалӣ мегардад.

Ахиран Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ Тоҷикистон дар пайи имзои санади қатъи низоъ дар марз бо ҳамтои қирғизаш, Қамчибек Тошиев, ин ҳуҷҷатро як навъ «ғайринизомисоз» унвон карда, афзуд, ки он чораҳои қатъиро фаро мегирад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button